Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАЛӢ МУҲАММАДИ СУРӢ

АБУАЛӢ МУҲАММАДИ СУРӢ

АБУАЛӢ МУҲАММАДИ СУРӢ (соли таваллуд номаълум – вафот 1046, Ғазна), ҳокими дастнишондаи Ғазнавиён дар вилояти Ғури Афгонистон. Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1030 ҳокими вилояти Ғур Муҳаммади Суриро барканор кард ва ба ҷои ӯ писарашро нишонд. Абуалӣ ҳар сол молиёти ҷинсӣ, аз қабили аслиҳаи ҷангӣ (ҷавшан, хӯд ва ғайра) ба султо¬ни Ғазна медод.

Баъдҳо Абуалӣ хоҳони истиқлол шуд. Соли 1046 бародараш ба исми Аббос бо кӯмаки сипаҳсолори Ғазнавиён Барстекин қалъаи ӯро тасхир кард ва ӯро ҳамроҳи писараш Яҳё ба Ғазна фиристод ва султон он ҳар дуро ҳукм ба қатл кард. Ғур дубора зери нуфузи Ғазна қарор гирифт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …