Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБЕРРАТСИЯИ СИСТЕМАҲОИ ОПТИКӢ

АБЕРРАТСИЯИ СИСТЕМАҲОИ ОПТИКӢ

АБЕРРАТСИЯИ СИСТЕМАҲОИ ОПТИКӢ, хатоӣ ё нуқсонҳои тасвир дар системаҳои оптикӣ. Дар натичаи Аберратсияи системаҳои оптикӣ тасвирҳои оптикӣ дар баъ­зе мавридҳо возеҳу равшан набуда, ба асли воқеиашон монанд нестанд ё канорҳояшон ранга мебароянд. Навъҳои маъмулаш инҳоанд: абер- ратсияи куравӣ (сферавӣ) – ноқисии тасвирҳои оптикӣ, ки дар натиҷаи он шуоъҳои рӯшноии аз наздикии меҳвари оптикӣ ва дуртар аз он гузаранда дар як нуқта ҷамъ намеоянд.

aberaciya

Ин нуқсонро бо истифодаи комбинатсияҳои махсус интихобшудаи линзаҳо пурра бартараф кардан мумкин аст; кома- нуқсони тасвири оптикиест (тасвири нуқта наму­ди доғи ғайрисимметрии дарозрӯяро мегирад), ки дар натиҷаи каҷхатга гузаштани шуоъҳои рӯшноӣ аз сис­темаи оптикӣ ба амал меояд; ас­тигматизм – ҳодисаи оптикиест, ки мавҷи рӯшноии куравӣ дар вақти гузаштан аз системаи оптикӣ шаклан тағйир ёфта, ба дастаи нури мураккаб табдил меёбад.

Дар натиҷа шуоъхо ҳамдигарро на дар як нуқта, балки дар ду порчаи хати рост, ки дар ягон масофа нисбат ба ҳамдигар амудӣ ҷойгиранд, мебуранд; д и с т о р сия – гуногунии калонкунии хаттӣ дар ҳудуди майдони тасвир, ки боиси вайроншавии монандии геомет­рии байни объект ва тасвири он мегардад. Дар системаҳои оптикӣ дар як вақт якчанд намуди аберратсия рух медиҳад, ки бартараф намудани онхо душвор аст. Навъҳои зикршудаи Аберратсияи системаҳои сферавӣ аберратсияҳои геометрӣ мебошанд.

Ғайр аз ин аберратсия и хроматикӣ (ранга) мавҷудд аст, ки пайдоиши он ба вобастагии нишондиҳандаи шикаст ба дарозии мавҷи рӯшноӣ вобаста мебошад. М. Холов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …