Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБЕРРАТСИЯ

АБЕРРАТСИЯ

АБЕРРАТСИЯ (лотинӣ aberratio – каҷравӣ, майлкунӣ, инхироф) ва чанд маъно дорад:

aberaciya

1) дар физика майлкунии шуои рӯшноӣ назар ба самте, ки дар системам идеалии оптикӣ бояд паҳн шавад;

2) дар астрономия тағйирёфтани мавқеи диди чирми мунири осмонӣ бар асари ниҳоии паҳншавии суръати рӯшноӣ, ҳаракати чирми мушоҳидашаванда ва мушоҳид;

3) дар морфология ва физиология ҳар гуна инҳирофи сохт ва функсия аз намуди асосӣ;

4) дар сис­тематикаи баъзе гурӯҳҳои ҳайвонот (шапалакҳо, гамбускҳо, моҳиҳо) инҳирофи тасодуфии ҷузъӣ дар ранг, нақш ва сохти ҷилд;

5) дар генетика тағйири тӯлонии сохтори хромосома.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …