Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / Абдувалиев Андрей Ҳакимович

Абдувалиев Андрей Ҳакимович

Абду Валиев Андрей Ҳакимович (таваллудвш 1966, шаҳри Душанбе), варзишгар (оид ба гурзпартоӣ). Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987). Устоди шоистаи варзиши СССР.

Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ (Барселона, 1992), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (Штутгарт, 1993; Гё­теборг, 1995), дорандаи Ҷоми ҷаҳон (Лондон, 1994), соҳиби медали нуқраи Бозиҳои иродаи нек (ШМА, 1990), чемпиони Спартакиадаи халқҳои СССР (1991), чемпиони СССР (1991). Натиҷаи беҳтаринаш дар гурзпартоӣ 83 м 46 см (Сочи, 1990). Аз соли 1993 дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …