Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурраҳмони Муҳманд

Абдурраҳмони Муҳманд

Абдурраҳмони Муҳманд (номи дигараш Раҳмон Бобо; 1632, деҳаи Баҳодури назди шаҳри Пешовар – 1706, ҳамон ҷо), шоири афғон. Ба забони пашту менавишт. Осораш дар девоне фароҳам омадаанд, ки дар Лоҳур (1876) ва Кобул (1949) ба табъ расидааст.

Мавзӯъҳои ашъораш ишқ, панду андарз, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, даъват ба ваҳдати миллӣ ва ғайра мебошанд. Дар баъзе навиштаҳояш оҳангҳои шикоят аз замона, танқиди рӯҳониёни мутаассиб ва ғайра ҷой доранд. Дар Афғонистон ба номи Абдурраҳмони Муҳманд мукофоти «Раҳмон Бобо» таъсис ёфтааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …