Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурраҳмонбег

Абдурраҳмонбег

Абдурраҳмонбег (1856, Бухоро – 1916, ҳамон ҷо), ҳофиз, оҳангсоз ва машшоқи номии тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Бухоро, аслу насабаш аз Насаф аст. Санъати сарояндагӣ ва навозандагиро дар Бухоро аз худ на­мудааст. Зимни ҳамнишинӣ бо устодони «Шашмақом» Бобоҷалол Носирзода ва Бобоғиёс Абдулғанизода ба катори беҳтарин хонандагону сарояндагони мақомҳои классикӣ расидааст.

Абдурраҳмонбег муддате дар дарбори манғитиён (Абдулаҳад) мутриб буда, дере нагузашта хизмати дарборро тарк мекунад. Абдурраҳмонбег дар миёни аҳли санъати мусиқии Бухоро бо истеъдоди балан­ди сарояндагиву мутрибиаш ном бароварда, дар тартибу тадвини матни «Шашмақом» ва қисмҳои созию овозии он саҳм гузоштааст.

Бо саъйи ӯ чандин манзумаи мақомҳо («Рисолаи Шашмақом», «Рисола дар шаш мақом», «Рисолаи шашмақоми мусиқӣ») таълиф гардидаанд. Абдурраҳмонбег ба қисматҳои таронавии мақоми «Наво»-и «Шашмаком» аз чиҳати матн ва саб­ки иҷроиш тағйирот даровардааст. Абдурраҳмонбег инчунин танбӯрнавоз ва оҳангсози соҳибзавқ буда, дар мизони таронаву навоҳои халқӣ бо таъсири мақомҳои классикӣ асарҳои шаклан мураккаб эҷод намудааст. «Абдурраҳмонбегӣ» аз чумлаи таснифоти машҳури ӯст.

Адабиёт: Баёзи Шашмақом, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмақом, Душанбе, 2009.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …