Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳимов Қудратулло

Абдураҳимов Қудратулло

Абдураҳимов Қудратулло Са­идович (таваллудаш 10. 8. 1958, ноҳияи Бохтар), педагог, доктори илмҳои педагоги (2007). Хатмкардаи филиали Институти давлатии педагогии Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа (1985). Солҳои 1985 – 2000 муаллим, муаллими калон, мудири кафедраи педагогика ва пси­хология, декани факултети педагогика, ноиби ректор оид ба таълиму тарби­яи Донишгоҳи давлатии Қӯргонтеппа ба номи Носири Хусрав, 2000 – 2005 вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояидагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиистон буд.

Аз соли 2006 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа оид ба илм. Абдураҳимов ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи педагогика машғул аст. Хусусан тадқиқоти илмиаш перомуни афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷик сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст.

Ос.: Ақидаҳои ахлоқӣ дар осори Шоҳи Ҳамадон. Қӯрғонтеппа, 1996; Системахои маориф дар мамлакатҳои мутараққӣ ва рубатараққиниҳода. Д., 1998; Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин. Д., 1998; Афкори педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Д., 2003; Дар шоҳроҳи зиндагӣ, Д., 2004; Таълимоти ахлоқии Носири Хусрав, Д., 2007; Тавсияи методӣ оид ба таҷрибаи педагогӣ, Д., 2009; Шоҳи Ҳамадон-ҳидоятгари саодати инсон. Д., 2009.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …