Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳ ибни Иброҳим

Абдуллоҳ ибни Иброҳим

Абдуллоҳ ибни Иброҳим (1443, Ҳирот – 1451, Самарқанд), султони Самарқанд (1450 – 1451) баъд аз қатли Абдуллатиф. Абдуллоҳ Ибдоҳи набераи Шоҳрух буд ва баъди марги бобояш Форс дар ихтаёри ӯ шуд, лекин дар натаҷаи ҳуҷуми сипоҳиёни Султон Муҳаммад он ҷоро тарк кард.

Пас аз қатли Улуғбек, азбаски Абдуллоҳ Ибдоҳим яке аз ворисон барои тахту тоҷ буд, ҳабс шуд ва баъди аз зиндон раҳоӣ ёфтан даъвои тахту тоҷ кард. Шоҳзодагони дигар, аз ҷумла Алоуддавла ибни Бойсунқур, Абу сайд ибни Муҳаммад, ки дар замони марги Улуғбек дар зиндон буд, алайҳи Абдуллоҳ  Иброҳим шӯриданд. Онҳо низ даъвои подшоҳӣ доштанд.

Дар задухурде, ки байни шоҳзодагон рух дод, Абусаид шикаст хурд. Абдуллоҳ Иброҳим маҷбур шуд, ки зидди шоҳзодагони дигар низ мубориза барад. Дар ин муддат Абусаид ҳавзаи Сирдареро бо Туркистон ба тасарруфи худ дароварда, дар ҷанге, ки байни сипоҳиёни Абдуллоҳ Иброҳим ва Абусаид дар назди рустои Булунгур (1451) рух дод, бо кӯмаки Абулхайрхон бар Абдуллоҳ Иброҳим фирӯз шуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …