Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоев Ибодулло

Абдуллоев Ибодулло

Абдуллоев Ибодулло Эрмуродович(9.12.1918, деҳаи Қарақчиқуми ноҳияи Конибодом – 2007, Душанбе), дирижёри тоҷик, Артиста халқии РСС Тоҷикистон (1974), Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1968). Хатмкардаи интерната мусиқӣ (1930) ва Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд (1933), Омӯзишгоҳи мусиқии наз­ди Консерваторияи давлатии Мос­ква (1939). Ҳамзамон солҳои 1937 – 1939 скрипканавози оркестри симфонии Театри Револютсия (ҳозира Театри ба номи В. В. Маяковскийи Москва) буд. Солҳои 1939 – 1946 дар хизмати ҳарбӣ.

Муддате скрипканавози оркестри симфони Театри давлатии академии опера ва балета тоҷик буд. Солҳои 1947 – 1950 дар шӯъбаи миллим наз­ди Консерваторияи давлатии Мос­ква (дар синфи дирижёри оркестри симфонӣ) таҳсил нам уд. Соли 1950 ба Тоҷикистон баргашта, дар Теат­ри давлатии академии опера ва бале ти тоҷик ба номи С. Айнӣ дар вазифаи дирижёрӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 1970 роҳбари бадеӣ – саррежиссёри ҳамин театр буд. Таҳти роҳбарии Абдуллоев мусиқии операҳои классикони рус ва ҷаҳон – А. С. Драгомижский («Ру салка», 1951), Ҷ. Верди («Травиата», 1951, «Аида», 1964, «Отелло», 1965), Ш. Гуно («Фауст», 1957), А. Бородин («Княз Игор», 1958), П. Чайковский («Моткаи карамашшок», 1966), С. Рахманинов («Алеко», 1968) ва ғайра иҷро шудаанд. Балетҳои «Кӯли қувон», «Франческа ва Рамини», «Шелкунчик», «Нозанини хуфта»-и П. И. Чайковский, «Жизел»-и А. Адан, «Шопениана»-и Ф. Шопен, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Эсмиралда»-и I Ҷ. Пуни, «Золушка»-и С. Прокофев, «Офариниши олам»-и А. Петров ва ғайра таҳти роҳбарии мусиқии ӯ саҳнавӣ гардидаанд.

Абдуллоев нахустин таҳиягари опера ва балетҳои тоҷикист. Таҳияи мусиқии операҳои «Пулод ва Гулру»-и Ш. Сайфиддинов (1956), «Армугони пурарзиш»-и А. Ленский (1957), «Шӯриши Восеъ»-и С. А. Баласа­нян (таҳрири дуввум, 1958), «Комде ва Мадан»-и 3. Шаҳидӣ (1959), «Шерак»-и С. Ҳамроев (1970), «Сарбозони халқ»-и Д. Дӯсмуҳаммадов (1984), балетҳои «Дилбар»-и А. Ленский (1954), «Лола»-и С. Урбах ва С. Баласанян (1957), «Писа­ри Ватан»-и Ю. Тер-Осипов (1967) «Темурмалик»-и М.

Ашрафӣ (1970), «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян (1974), «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ (1978) ва ғайра ба қалами Абдуллоев тааллуқ доранд. Абдуллоев иштирокчии даҳаҳою ҳафтаҳо ва рӯзҳои адабиётва санъати тоҷик дар Россия (1967), Ӯзбекистон (1968), Литва (1970), Қиргизистон (1976) буд. Аз соли 1950 дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва аз соли 1968 дар факултети санъати Институти давлатии педа­гогии Душанбе (ҳозира ДДСТ ба номи М. Турсунзода, аз соли 1981) даре додааст. Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Ад.: Афсахэод А., Субҳи муродбахш, дар кит. Зиндагӣ дар саҳна, Д., 1984.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …