Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулҷаббори Xуҷандӣ

Абдулҷаббори Xуҷандӣ

Абдулҷаббори Xуҷандӣ (соли таваллудаш номаълум – вафот 1219, Хуҷанд), мунаҷҷим ва шоири тоҷик. Оид ба ҳаёташ маълумот нест. Аз Абдулҷаббори Xуҷандӣ аса­ри манзуми нуҷумии «Ал-мадхал-ул- манзум фи аҳком-ин-нуҷум» («М адҳали манзум дар аҳкоми нуҷум») то замони мо расидааст.

Ин асар дар байни аҳли адаб маъруф буд ва ба он мунаҷҷимони асрҳои баъдина (аз ҷумла соли 1520 Ҳабибуллоҳ ибни Муҳаммади Табиб) шарҳ навиштаанд. 55 нусхаи хаттии ин китоб дар китобхо­наи донишгоҳҳои Теҳрон ва Язд, Музейи Британия, Покистон, Миср ва ғайра маҳфузанд. Асари номбурда ҳоло тадқиқ нашудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …