Маълумоти охирин

Аббоси II

Аббоси II (1633 – 1667, Қум), ҳафтумин подшоҳи Сафавиён. Аббоси II дар синни 10-солагӣ ба тахти сал­танати Эрон нишаст, вале давлатро амалан вазири донишманду коршинос Нақихон Эътимодуддавла идора мекард. Ин вазир кӯшиши ислоҳот кард, вале ба қатл расид.

Аббоси II аввалҳо зидди фиску фучур, шаробхӯрӣ ва истеъмоли маводи мухаддир баромад, вале тадриҷан бо калонсолтар шудан худаш побанди шароратҳо ва ҳавасрониҳо гардид. Дар давро­ни салтанати Аббоси II шаҳри Балх тасхир ва шӯриши мардумии Қандаҳор низ пахш карда шуд. Шоҳ Аббоси II то андозае ҳомии табақаи камбизоати аҳолӣ ва мухолифи аъёну ашроф буд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …