Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Аббаняно Никола

Аббаняно Никола

Аббаняно (Аbbaqnano) Никола (15.7.1901 -9.9.1990), файласуфи иде­алист – экзистенсиалисти италиявӣ. Фалсафаро дар Донишгоҳи Неапол омӯхта дар донишгоҳҳои Салерно, (1923), Неапол (1926 – 1935) ва Турин (1945 -1976) устод буд. Ӯ асосан намояндаи равияи экзистенсионализм дар фалсафа будааст. Ин равия як намуди идеализми субъективӣ буда, муддаист, ки мавриди таҳқиқи фалсафа фақат инсон аст ва он мабдаю маншаи ҳама чиз мебошад.

Аббаняно ҳамчун асосгузори экзистенсионализми позитивӣ (равияи идеалистии фалсафа, ки донишро маҳсули илмҳои махсус шуморида, фалсафаро ҳамчун илм инкор мекунад), майл мекард, ки ғояҳои экзистенсионализми позитивиро бо не­опозитивизм созиш диҳад. Ва ин асос Аббаняно кӯшиш кард, ки амсилаи мувофиқу муносиби экзистенсионализмро созад.

Тибқи андешаи 5, фард доиман метавонад аз байни ҳар гуна имкониятҳо ҳамонеро интихоб кунад, ки асоси «вуҷудияти солим ва пойдор» дошта бошад. Лоиҳаи ҷараёни инкишофи ояндаро арзёбӣ карда Аббаняно муқобили капитализм бо волоияти фардияташ ва ҳам зидди сотсиализм бо коллективизмаш баромада, дар чанд андешӣ замонати озодии инсонро мебинад. Аббаняно муаллифи «Фарҳанги фалсафӣ» (1961) ва як идда таҳқиқоти илмӣ доир ба таърихи илм ва фалсафа аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …