Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абашидзе Григол Григоревич

Абашидзе Григол Григоревич

Абашидзе Григол Григоревич (1. 8. 1914, Чиатураи Гурҷистон -1994), шоир ва нависандаи гурҷӣ, акад. АН РСС Гурҷистон (1979). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Котиби якуми Садорати ИН Гурҷистон (1967 – 1981). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тбилиси (1936). Шеърҳояш аз соли 1934 чоп мешаванд. Асарҳои Абашидзе ба таърихи қадими Гурҷистон ва ҳаёти бунёдкоронаи имрӯзаи он бахшида шудаанд.

Қаҳрамонҳои асарҳои ӯ («Ҳамеша дар либоси ҷангӣ», 1938;  «Диди Свенски», 1939) меҳнаткашону родмардонанд. Маҳорати эҷодии Абашидзе хусусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) сайқал ёфт. («Душманон», «Мусобиқаи танкҳо», 1941; «Байрақҳо»; достони «Кавкази мағлубиятнопазир», 1943) ва ғайра Абашидзе барои асарҳои «Дар сарҳади ҷанубӣ»- ва «Ленин дар Самгори» (1950), сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст (1951). А. муаллифи дос­тони драмавии «Киссаи тифлисихои нахустин» (1959) ва «Саёҳат дар се айём» (1961), маҷмӯаи «Токи заррин» (1966) мебошад. Ӯ «Чӯҷачаи хурдӣ» (1943), «Парасту дар Рустави»- барин асарҳои бачагона низ таълиф кардааст.

Абашидзе яке аз муаллифони (ҳамроҳи А. В. Абашели) матни Суруди Миллии РСС Гурҷистон мебошад. Ба тоҷики қариб 50 шеър ва як қатор ҳикояҳои ӯ тарҷума гардидаанд, ки «Ленин дар Самгорӣ», ҳикояи «Сабақи бераҳмӣ» аз ҳамин ҷумлаанд. Иштирокчии Рӯзҳои адабиёти шӯравӣ дар Тоҷикистон (1981).

Ос.: Избранная лирика, М., 1985.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …