Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абаев Василий Иванович

Абаев Василий Иванович

Абаев Василий Иванович (3. 1. 1900 – 18. 3. 2001), филолог, мутахассиси гурӯҳи забонҳои эронӣ. Миллаташ осетин. Доктори фанҳои филоло­гия (1962), профессори (1969). Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст (1925). Аз соли 1945 то охири умраш ходими илмии Институти забоншиносии А И Россия буд. Бештар аз 270 асари ӯ доир ба назарияи этимология ва таърихи пажуҳишҳои забоншиносӣ, за­боншиносии эронӣ ва ҳиндуевропоӣ, оид ба масъалаҳои забоншиносии умумӣ ба табъ расидаанд. Абаев забонро дар робита ба таърих, ҳаёти иҷтимоӣ, маданият, ақоиди фалсафию динӣ ва урфу одати халқ тадқиқ кардааст. У Осиёи Марказиро нахустсарзамини мардуми ориёӣ шумурда, ҳампайвандии бевоситаи аланҳо ва дигарон қавмҳои мардуми эронинажод ва скифҳоро нишон додааст Абаев мақолаҳои бунёдие дар бораи Зардушт («Ҳаёти маишии скифҳо ва ислоҳоти Зардушт») ва «Готҳо» («Устура ва таърих дар «Готҳо»-и Зардушт») нигоштааст. Дар таҳқиқоти дигари Абаев матнҳои Катибаи Бесутун тарҷума шуданд.

Дар «Фарҳанги таърихию этимологии забони осетинӣ» (ҷилди 1 – 5, 1958 – 95) ном асараш ӯ таъриху этимологияи вожаҳои осетиниро дар заминаи маводи 190 забони дунё тадқиқ карда, робитаи забони осетиниро бо дигар забонҳо нишон додааст. Абаев муҳаққиқи фолклори осетинҳо (китоби «Забон ва фолклори осетинӣ», ҷилди 1, 1949), луғатшинос («Луғати русӣ- осетинӣ», нашри сеюм, 2000), адабиётшинос (маколаҳо оид ба асосгузори адабиёти осетинӣ Коста Хетагуров) ва ғайра мебошад. Дар Конгресси XVI шарқшиносони Германия (Халле, 1958), Конгресси XXV байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) иштирок кардааст. Ходими хизматнишондодаи илми Осетияи Шимолӣ (1957) ва Гурҷистон (1980), нахустин барандаи Нонзаи давлатии ба номи Коста Хетагуров (1966), барандаи Мукофоти давлатии СССР (1981) буд.

Ад.: В. И. Абаеву 100 лет. Сборник статей по иранистике, общему языкознанию, европейским культурам. М., 2000; Исаев М. И., В. И. Абаев, М., 2000.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …