Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 3-ЮМИ РСДРП

СЪЕЗДИ 3-ЮМИ РСДРП

3-sezd-rsdrp

СЪЕЗДИ 3-ЮМИ РСДРП, 25 апрел —10 майи 1905 дар Лондон барпо гардид. Дар он 24 вакил бо овози ҳалкунанда (намояндагони 24 комитет) ва 14 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Ба съезд ҳамаи ташкилотҳои РСДРП даъват карда шуда буданд, адамо меншевикон дар он иштирок накарда, дар Женева ковференцияи худро дёъват намуданд. Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи Комитети ташкилӣ; Масъалаҳаи тактикӣ: шуриши мусаллаҳ, муносибат ба сиёсати ҳукумат дар арафа ва дар лаҳзаи табаддулот, дар бораи ҳукумати муваққатии революсионӣ, муносибат ба ҳаракати деҳқонон; масъалаҳои ташкилӣ: муносибати коргарон ва зиёиён ба ташкилотҳои партиявӣ; Устави партия; Муносибат ба дигар партияҳо ва ҷараёнҳо: муносибат ба қисми ҷудошудаи РСДРП, муносибат ба ташкилотҳои социал-демократии миллӣ, муносибат ба либералҳо, созишномаҳои «амалӣ бо сосиалистон-революционерон; Масъалаҳои дохилии ҳаёти партиявӣ: прапаганда ва агитация; Ҳисоботи вакилон: ҳисоботи Комитети Марказӣ, ҳисоботи вакилони комитетҳои маҳаллӣ; Интихоб, тартиби эълони резолюция ва протоколҳои съезд ва ба вазифа шурӯъ кардани шахсони мансабдор.

Плани стратегии муқаррарнамудаи съезд пешбинӣ мекард, ки пролетариат дар марҳалаи якуми революция бояд бо ҳамаш деҳқонон иттифоқ баста, буржуазияро бетараф монда, барои ғалабаи револютсияи буржуазӣ-домократӣ — барои сарнагун кардани мутлақият ва барпо намудани республикаи демократӣ, нест кардани тамоми боқимондаҳои крепостнойчигӣ мубориза барад. Пролетариат дар марҳалаи минбаъда бояд барои фавран тараққӣ карда ба револютсияи социалистиӣ табдил ёфтани револютсияи буржуазӣ-демократӣ мубориза барад.

Мувофиқи плани стратегӣ съезд роҳи такггнкин иарггаяро ҳам му- айвн намуда, ташкил кардави шӯ- риши муоаллаҳро ба мадди назар гувашт.

Яке аз масъалаҳои асосӣ масъалаи ҳукумати муваққатии революционӣ буд, ки ин ҳукумат бояд дар натиҷаисарнагун карда шудани мутлақият ва ғалабаи револютсияи халқӣ ба вуҷуд ояд. Болшевикон чунин ҳисоб мекарданд, ки вай бояд ҳукумати диктатураи синфҳои ғолиб, яъне диктатураи революсионӣ-демократи пролетариат ва деҳқонон бошад. Съезд системаеро, ки дар партия ду марказ (Комитети Марказӣ ва Органи Марказӣ) вуҷуд дошт, бекор намуд ва маркази ягонаи роҳбарикушанда — Комитети Марказиро бо сардори В. И. Ленин интихоб кард ва ба он супурд, ки органи нави марказӣ — газетаи «Пролетарий»-ро ташкил намояд.

Аҳамияти қарорҳои съездро В. И. Ленин дар асараш «Ду тактикаи социал-демократия дар революцияи демократӣ» қайд ва аз ҷиҳати назариявӣ асоснак кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …