Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 27-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 27-УМИ КПСС

СЪЕЗДИ 27-УМИ КПСС, 25 феврал —6 марти 1986 дар Москва баргузор гардид. Дар он 4993 вакил иштирок дошт.

27-sezd-kpss

Дар съезд 152 ҳайати вакилони партияҳои коммунистӣ, коргарӣ, революсионии демократӣ, социалистӣ, социал-демократӣ, лейбориотӣ ва намояндагони ташкилотҳои демократию ҷамъиятӣ аз 113 мамлакати ҷаҳон буданд.

Рӯзномаи съезд:        Ҳисоботи Комитети Маркази КПСС ва вазифаҳои партия; Дар бораи таҳрири нави Программаи КПСС; Доир бо тағйирот ба Устави КПСС; Маърӯзаи сиёсии Комитети Марказии КПСС ба Съезди 27-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ; Ҳисоботи Комиссияи марказии тафтишоти КПСС; Доир ба Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии СССР дар солҳои 1986—1990 вадар давраи то соли 2000; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи партия.

Дар Маърӯзаи сиёсии Комитети Маркази КПСС вазъияти ҷамъияти советӣ, комёбиҳо ва душвориҳои он ҳамаҷониба таҳлил карда, тамоюлҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии сиёсати партия аниқ нишондода шаванд. Таъкид гардид, ки дар тӯли чоряк асри баъди қабули Программаи сеюми КПСС Иттифоқи Советӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Даромади миллӣ қариб 4 баробар, маҳсулотбарории саноат 5 баробар, хоҷагии қишлоқ 1,7 баробар афзуд. Даромади реали ба ҳар сари аҳолӣ 2,6 баробар зиёд шуд. Фондҳои ҷамъиятии истеъмол бештар аз 5 баробар афзуд. 54 млн хона сохта шуд. Гузаштан ба таълими умумии миёна дар амал татбиқ гардид. Дар Маърӯзаи сиёсӣ таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳозираи партия тезонидани тараққиёти иқтисодию иҷтмоии мамлакат мебошад. Иҷрои ин вазифаҳо имкон медиҳад дар тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ марраҳои асосие, ки дар таҳрири нави Программаи КПСС ва Роҳҳои асосӣ муайян шудаанд, фатҳ карда шаванд. Съезд қайд намуд, ки интепсивонии истеҳсолот, иҷрои Программаи озуқаворӣ, такмили идоракунӣ, қатьиян беҳтар кардани сифати маҳсулот, ташкили дурусти мусобиқаи социаистӣ низ вазифаҳои муҳимми сиёсати дохилии КПСС ва Ҳукумати Советӣ мсбошанд.

Масъалаи сиёсати иҷтимоӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, боз ҳам беҳтар кардани некӯаҳволии халқ дар маркази диққати съезд буданд. Дар понздаҳсолаи оянда даромади реалӣ ба ҳар сари аҳолӣ 1,6—1,8 баробар меафзояд. Дар панҷсолаи 12-ум ҳаҷми фоизҳо 20—30% зиёд мегардад. Ҳаҷму миқёси сохтмони манзил ва таъмири он хеле вусъат меёбад, сохтмони кооперативию шахсӣ, комплексҳои иқоматӣ барои ҷавонон, беҳтар намудани тақсими хонаю ҷой дастгирӣ карда мешавад.

Программаи тезонидани суръати инкишофи тамоми тарафҳои ҳаёти ҷамъият — иқтисодиёт, илм ва техника, соҳаҳои яҷтимоӣ ва ҳаёти маънавии ҷамъиятро фаро мегирад. Партия ба такмили маорифи халқ ва маълумоти миёнаю олӣ диққати махсус медиҳад. Съезд вазифаҳои барпо намудани системаи ягонаи таълими пай дар пай ва ислоҳи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсусро ба миён гузошт. КПСС барои беҳтар шудани ҳифзи саломатии инсон ҷаҳд карда, сохтмони истироҳаттоҳҳо, машқгоҳҳо, муассисаҳои маданиятро, ки мақсадиниҳоии он муҳайё сохтани шароити зарурии инкишофи ҳамаҷонибаи шахс аст, вусъат мидиҳад.

Съезд ба масъалаҳои пайваста ба кори идора намудани давлат ҷалб намудани меҳнаткашон таваҷҷӯҳи амиқе зоҳир намуд. Шарти такомули ҷамъияти социалистӣ афзудани аҳамият ва мавқеи назарияи марксистӣ-Ленинӣ дар дарки амалия мебошад. Аа ин ҷост, ки съезд ба масъалаҳои пурратар истифода бурдани неруҳои ҳаётбахши идеолошгияи марксистӣ-ленинӣ дар роҳи тезондани тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат эътибори ҷиддӣ дод. Съезд камбудиву норасоиҳои ин соҳаи фаъолияти партиявиро ҷасурона зери танқид гирифт. Съезд таъкид намуд, ки ваҳдати қавлу амал чун муҳимтарин ҷавҳари тамоми фаъолияти партиявӣ ва давлатӣ нисбат ба кори тарбияи сиёсӣ низ талаби, ҳатмист.

Вазифаи асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат стратегияи байгналхалқии КПСС-ро ҳам муайян менамояд. Дар Маърӯзаи сиёсӣ ба сиёсати берунаи КПСС ва Давлати Советӣ даққати калон дода шуд. Қайд гардид, ки проблемаи ҷанг ва сулҳ масъалаи тезутундтаринҳост, ки ҳоло дар назди инсоният истодааст. Ҷангро пешгирӣ намудан инсониятро аз фалокат эмин доштан аст. Мақсади асосии стратегияи партия дар соҳаи сиёсати беруна аз он иборат аст, ки барои халқи советӣ имконияти дар шароити сулҳу осоиш кор кардан таъмин карда шавад. Бинобар ин мубориза ба муқобили хавфи ҷангиядроӣ, мусобиқаи яроқсозӣ, барои муҳофизат ва мустаҳкам кардани сулҳи умумӣ минбаъд ҳам тамоюлҳои асосии фаъолияти партия дар арсаи байлалхалқӣ хоҳад буд.

Съезд таъкид намуд, ки КПСС қисми ҷудонашандаи ҳаракати байналхалқини коммунистист. Хеле гуногун будани ҳаракати коммунистӣ ва вазифаҳое, ки дар назди онҳо меистанд, низ воқеист. Партияҳои революционии синфи коргар эътиқоди комил доранд, ки ҷои капитализмро гирифтани сосиализм таърихан ногузир аст. Ҳаракати коммунистӣ бонуфузтарин неруи ғоявӣ ва сиёсии даврон мебошад.

Съезд роҳи сиёсӣ ва фаъолияти амалии Комитети Марказии партия, нуктаю хулоса ва вазифаҳоеро, ки дар Маърӯзаи сиёсии Комитети Марказӣ ба съезд зикр ёфтаанд, маъқул ёфта, ҳамаи ташкилотҳои партиявиро вазифадор намуд, ки онҳоро сармашқи кори худ кунанд.

Съезд таҳрири нави Программа ва матни Устави партия (ба он тағйирот дохил шуда буд), Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоиро якдилона тасдиқ намуд. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 308 аъзо ва 170 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 83 аъзо интихоб кард.

Адабиёт:          Материалҳои съезди XXVII

КПСС, Душанбе, 1986.         Ш. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …