САФИР, нигаред,Рутбаҳои дипломатӣ.
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
«САФИНАИ ХУШГӮ»
«САФИНАИ ХУШГӮ» тазкираест, ки шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон Биндробан Доси Хушгӯ солҳои 1724—1734 таълиф кардааст. Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 1418 нафар шоир: форсизабони давраҳои мутақаддим ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Шоирон мувофиқи таърихли таваллуд ё вафот зикр шудаанд. «Сафинаи Xушгӯ» аз се дафтар иборат аст: дафтари аввал …
Муфассал »САФИКОЛ
САФИКОЛ, нигаред, Сайфос.
Муфассал »САФИИ ЯЗДӢ
САФИИ ЯЗДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Сафии Яздӣ пас аз касби камол ба дарбори ҳукмрони давр Туғошоҳ ибни Алп-Арслон роҳ ёфт ва чанде дар хидмати ӯ буд. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» аз таваҷҷӯҳи ӯ ба тасаввуф хабар медиҳад. Аз эҷодиёти Сафии Яздӣ якчанд ғазал, ру- …
Муфассал »САФИИ БУСТӢ
САФИИ БУСТӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 13). Шоири қасидасарои дарбори Хоразмшоҳиён. Бино ба маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо»): «Хоҷаи номдор ва фозили олимиқдор, шоири пухтатабъи ширингуфтори фасоҳатшиор» будааст. Якчанд қасидаҳои мадҳии ӯ, ки дар сабку услуби қасидасароии анъанавӣ гӯфта шудаанд, ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд
Муфассал »САФЕДҶОМАГОН
САФЕДҶОМАГОН пайравон ва тарафдорони Муқннаъ. Муқаннаъ бар зидди аломати давлатии Аббосиён (яъне сиёҳпӯшӣ) та- рафдорон ва пайравони худро фармуд, ки ҷомаҳои сафед пӯшанд ва баъди ин ҳамаи тарафдорони Муқаннаъ- ҷомаҳои сафед дар бар доштанд ва ба ҳамин сабаб дар таърих номи расмии пайравони Муқаннаъ Сафедҷомагон шуда монд. Адабиёт: А й …
Муфассал »Деҳаи САФЕДШАҲРАК
САФЕДШАҲРАК, деҳаест дар Совети қишлоқ Лоҳутии райони Ховалинг, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози ба номи Лоҳутӣ. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 68 километр. Аҳолиаш 340 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, пункти тиббӣ, фермаи бӯрдоқипарварӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакории лалмӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист.
Муфассал »Қаторкӯҳи САФЕДХИРС
САФЕДХИРС, қаторкӯҳест дар шимоли шарқи Афғонистон, дар музофоти Бадахшон. Ба системаи кӯҳҳои Ҳиндукуш дохил мешавад. Интиҳои шимолии қаторкӯҳи Хоҷамуҳаммад буда аз водии дарёи Кӯкча (дар Ҷануб) то водии дарёи Панҷ (дар Шимол) ба масофаи тақрибан 230 километр тӯл кашидааст. Бараш то 60—70 километр. Баландиаш ба ҳисоби миёна 3000—5000метр. Қуллаҳои маъмулаш …
Муфассал »Деҳаи САФЕДОРОН (Қалъайхум)
САФЕДОРОН, деҳаест дар Совети қишлоқ Сағирдашти райони Қалъайхуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ . Территорияи совхози ба номи Ю. Фучик. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 20 километр, то район 53 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 108 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ ва чорводорист. …
Муфассал »САФЕДПАРДАИ ЧАШМ
САФЕДПАРДАИ ЧАШМ, нигаред, Сулбия.
Муфассал »