САФИИ БУСТӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 13). Шоири қасидасарои дарбори Хоразмшоҳиён. Бино ба маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо»): «Хоҷаи номдор ва фозили олимиқдор, шоири пухтатабъи ширингуфтори фасоҳатшиор» будааст. Якчанд қасидаҳои мадҳии ӯ, ки дар сабку услуби қасидасароии анъанавӣ гӯфта шудаанд, ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд