САРАБАНДА, як навъ рақси халқии қадимии испанист. Шояд аз Шарқ пайдо шуда бошад. Зарбаш 3/4, 3/2. Дар ибтидо таҳти садои кастанета (қошуқҳо) фақат занҳо мерақсиданд. Рақси ҷозибанок ва пурхурӯш. Дар асрҳои 15— 16 Сарабанда ҳамчун рақси мустақили саҳ- навӣ пеш аз мазҳакаҳо намоиш дода мешуд. Дар асри 17.Сарабанда дар Франсия …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САР
САР, калла, дар анатомия қисми пеши (ё болоии) тани аксар ҳайвон ва одамро гӯянд. Дар Сар ҷузъи олии системаи асаби марказӣ, баъзе узвҳои ҳиссиёт (босира, сомеа, шомма), баъзе қисмҳои системаҳои нафаскашӣ ва ҳозима ҷойгир шудаанд. Дар сари ҳайвонҳои мӯҳрадор мағзи Сар, ки дар дохили ҷумҷума аст, узвҳои шомма, босира, сомеа, …
Муфассал »САПЧА
САПЧА, с а бча, сафча, сафч, с а ф ҷ, хомак, харбуза ё тарбузи навбастаест, ки ба қадри калонии себ шуда бошад.
Муфассал »САПФИР
САПФИР, ёқути кабуд. Нигаред, Ёқут.
Муфассал »САПРОПЕЛИТҲО
САПРОПЕЛИТҲО, ангиштҳои сапропелӣ, сарватҳои зеризаминии сахти сӯзандаро гӯянд. Сапропелитҳо дар қаъри кӯлу лагунаҳо аз тағйири боқимондаи растаниҳои дараҷаи паст ва ҳай- вонҳои соддатарин ба вуҷуд меояд. Рангаш бӯр, бӯри хокистартоб, си- ёҳ. Сапропелитҳоро аз рӯи таносуби миқдори микрокомпонентҳои сапропелӣ (алгенит) ва гумусӣ (витринит, фюзипит ва лейптинит)-и таркибаш ба Сапропелитҳои хусусӣ …
Муфассал »САПРОФИТҲО
САПРОФИТҲО пӯсида ва— растанӣ), растаниҳоеанд, ки аз ҳисоби моддаҳои органикии тайёри организмҳои мурда ва ҷонварони зинда ғизо мекунанд. Аз рӯи навъи ғизогириашон Сапрофитҳо ба организм^ои гетеротрофӣ мансубанд. Сапрофитҳо С. якҷоя бо организмуои автотрофӣ дар гардшпи моддаҳо дар табиат мавқеи муҳим доранд. Онҳо моддаҳои органикии тани ҳайвонҳои мурда ва моддаҳоеро, ки …
Муфассал »Шаҳри САППОРО
САППОРО, шаҳрест дар Япония, дар наздикии ооҳилҳои баҳри Япон. Аҳолиаш 1,3 миллион нафар (1977). Маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании ҷазираи Хоккайдо. Соҳаҳои саноаташ: бофан- дагӣ, коркарди нефт, химия, дорусозӣ, чармгарӣ, чӯббурӣ, чӯбгарӣ, хӯрокворӣ (консерви моҳӣ ва ғайра), полиграфӣ, самолётсозӣ. Университет, институтҳои тадқиқоти илмӣ, стансияҳои таҷрибавии хоҷагии қишлоқ, боғи ботаникӣ ва …
Муфассал »САПОНИНҲО
САПОНИНҲО (собун), пайвастҳои мураккаби бенитрогени органикиро аз гурӯҳи гликозидҳои наботӣ гӯянд. Ҳангоми гидролизи кислотагӣ ё ферментативӣ Сапониҳо ба моносахаридҳо (як ё якчанд молекула) ва қисми ғайриангиштобӣ — агликон (сапогенин) таҷзия мешаванд. Вобаста ба сохти химиявии агликон Сапонинҳо тритерпеноидӣ ва стероидӣ мешаванд. Сапониҳо бисёртар дар растаниҳо ва баъзе ҳайвонҳои баҳрӣ (ситораи …
Муфассал »САПЁР
САПЁР (франсавӣ Зарег — нақб кандан), хизматчиёни ҳарбии подразделенияҳои сапёрӣ (инженерию сапёрӣ) ва қисмҳои қӯшунҳои инженериро гӯянд. Дар аввали асри 17 коргарон ва аскароне, ки нақбҳоро дар таги қалъаи душман месохтанд ва онҳоро вайрон мекарданд, Сапёр меномиданд. Дертар иҷрои ҳамаи корҳои ҳарбии- инженерӣ вазифаи Сапёрҳо буд. Соли 1678 дар Франсия …
Муфассал »САПАЛ
САПАЛ, суми шутурро гӯянд.
Муфассал »