Маълумоти охирин

САПЁР

САПЁР (франсавӣ Зарег — нақб кандан), хизматчиёни ҳарбии подразделенияҳои сапёрӣ (инженерию сапёрӣ) ва қисмҳои қӯшунҳои инженериро гӯянд. Дар аввали асри 17 коргарон ва аскароне, ки нақбҳоро дар таги қалъаи душман месохтанд ва онҳоро вайрон мекарданд, Сапёр меномиданд. Дертар иҷрои ҳамаи корҳои ҳарбии- инженерӣ вазифаи Сапёрҳо буд.

Engineer and sapper units of Russian Baltic Fleet in training

Соли 1678 дар Франсия ва соли 1712 дар Россия Сапёрҳоро дар қисмҳо ва подразделенияҳои махсус муттаҳид карданд. Дар асрҳои 19—20 аз ҳайати Сапёрҳо алоқачиён, роҳиоҳанчиён ва ғайра ҷудо шуданд. Дар қувваҳои мусаллаҳи дав- латҳои ҳозира Сапёрҳо асоси қӯшунҳои инженерӣ ба шумор мераванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …