САРДАРА (то 1978 —Навобод), деҳа дар Совети қишлоқи Сангтӯдаи райони Данғара, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «Ғайрат». Аз Сардара то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 32 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 580 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаҳои хоҷагӣ пахтакорӣ, обчакорӣ ва кирмакдорист. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САРГОНИ I
САРГОНИ I (мулаққаб ба Қадим), асосгузори давлати бузург дар Баинаннаҳрайн (марказаш шаҳри Акад) (асри 24 то милод). Аз сомиҳои шаҳри Киш. Мувофиқи баъзе ривоятҳо аз табақаи поёни халқ. Саргон подшоҳи Шумер Лугал- заггисиро мағлуб карда, тамоми шаҳрҳо-давлатҳои Байнаннаҳрайнро забт намуд ва лашкари ӯ то Элам, Сурия, Осиёи Хурд омада расид. …
Муфассал »САРГИНҒЕЛОНҲО
САРГИНҒЕЛОНҲО, саргинхӯракҳо, як гурӯҳ гамбусакҳоеро гӯ- янд, ки ба оилаи лавҳачамӯйлабҳо мансубанд. Якчанд зерсиларо дар бар мегиранд. Андозаашон 3—70 миллиметр; рангашон бур ё сиёҳ, баъзан ҷилои металлӣ дорад. Аксари кирминаю гамбускҳои болиғи ин гурӯҳ саргин, баъзеашон ҷасади ҳайвоноти мурдаро мехӯранд, баъзеи дигарашон бошанд, растанихӯранд. Саргинғелонҳои модина дар саргини ҳайвонҳои ширхӯр …
Муфассал »САРГИНОБ
САРГИНОБ, з а к, г а н д о б, ш ибари чорво, моеъест, ки асосан аз пешоби ҳайвонот, инчунин дар натиҷаи пӯсиши пору ҳосил мешавад. Нурии нитрогену калийдори пуртаъсир аст, Саргинобро дар саргинобғундораке, ки дар назди молхонаҳо ва порухонаҳо гузошта шудааст, ҷамъ мекунанд. Миқдори ғуншавии Саргиноб ба да- вомати …
Муфассал »Баҳри Саргас
САРГАС (баҳри Саргас), як қисми уқёнуси Атлантикро гӯянд, ки дар арзҳои субтропикӣ байни ҷараёнҳои Канар, Пассати Шимолӣ ва Голфстрим (байни 23—35* а-. ш. ва 30—68* т. ғ.) воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 6—7 миллион километр2 (сарҳадаш бинобар тағйироти мавсимии ҷараёни об номуайян аст). Дар Саргас шамол ва ҷараёни об сусту ноустувор аст. …
Муфассал »Деҳаи САРГАЗОН
САРГАЗОН, деҳаест дар Совети қишлоқи Оқсуи райони Данғара, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 9 километр, то район 10 километр, роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1280 нафар (1981). Деҳа мактаби миёна, китобх она, пункти тиббӣ, касалхона, магазин, нуқтаҳои хизмати маишӣ (пойафзолдӯзӣ, чӯбу тахтабурӣ ва ғайра), фермаи чорвои …
Муфассал »САРВИҲО
САРВИҲО, як оилаи бутта ё дарахтони ҳамешасабзи- сӯзанбаргро гӯянд. Сарвиҳо аз 10 то 70 метр қад мекашанд. Диаметри танаашон аз 20 сантиметр то 6 метр мерасад. Сарвиҳо барги пулакчамоланд (0,5—3 миллиметр) ё сӯзаншакл (1—3 сантиметр), ҷалғӯзаи чӯбӣ ё «руҷуммева» (масалан, арча) доранд. Сарвиҳо 19 ҷинс ва 130 (мувофиқи маълумоти дигар …
Муфассал »САРВӢ
САРВӢ навъи хатест, ки дар асрҳои 16—19 дар Хуросону Моваро- уннаҳр паҳн гашта, бештар дар гулпартои ва нақшбандии қолинҳо ис- тифода мешуд. Хати Сарвӣ инчунин барои навиштани мактубҳои махфӣ, ки аз якчанд калима иборат буданд, истифода мешуд. Азбаски шакли он ба шохаҳои дарахти сӯзанбарг (сарв) шабеҳ аст, ин навъи хат …
Муфассал »«САРВИ СИПОҲ»
«САРВИ СИПОҲ» – оҳанги (тарона) қадимиест, ки онро дар аҳ- ди Сосониён Борбади Марвӣ тасниф кардааст.
Муфассал »Оҳанги «САРВИ БӮСТОН»
«САРВИ БӮСТОН»1) оҳанги мавсимӣ — маросимии қадимӣ, ки Накисои Чангӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз эҷод намудааст. 2) Гӯ- шаи созӣ дар шӯъбаҳои «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург» ва «Нав- рӯз»(«Дувоздаҳмаком»). «Сарви бӯстон» дар қисмати хотимавии ин шӯъбаҳо барои таҳрири қисмати созӣ истифода мешавад. А. Раҷабов.
Муфассал »