САРТР Жан Пол (21. 6. 1905, Париж—1980), нависандаи франсавӣ, файласуф ва публисист, сарвари экзистенсиализми франсавӣ. Соли 1929 Мактаби олии нормалиро хатм намуда, дар литсейҳо аз фалсафа дарс мехонд. Афкори фалсафии у зиддиятнок ва эклектикӣ буда, дар он ғояҳои Кьеркегор, Гуссерл ва 3. Фрейд бо таври хоса омезиш меёбанд. Сартр прогрессивӣ …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САРТАРОШӢ
САРТАРОШӢ, як навъ касб, яке аз пешаҳои қадимист. Дар гузашта Сартарошӣ машғулияти мардона буд. Сартарош баробари тарошидани муйсар, риш ва ба тартиб даровардани мӯйлаб инчунин хатна, хунгирӣ, табобати баъзе касалиҳои асабро ба ӯҳда дошт. Аксари сартарошон шогирд доштанд. Баъди омӯхтани касби Сартарошӣ шогирд маросими розигии устодро мегузаронд (нигаред, Камарбандон) ва …
Муфассал »Деҳаи САРТАЛА
САРТАЛА, деҳаест дар Совети қишлоқи Думбрачии райони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Қизилсу». Аз Сартала то маркази Совети қишлоқ 30 километр, то район 50 километр. Аҳолиаш 290 нафар (1981), тоҷикон ва қиргизҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва картошкакорист. Заминҳо аз …
Муфассал »Қабилаҳои САРТ
САРТ, с а р т ҳ о, номест, ки қабилаҳои бодиянишини турку муғул ба аҳолии муқимии Осиёи Марказӣ — суғдиён ва ворисони онҳо — тоҷикон додаанд. Сонитар ин номро ба қабилаҳои муқиминишиншудаи туркҳо (ӯзбекҳо) низ нисбат кардаанд. Дар за- бони туркии қадим калимаи Сарт ба маънои «савдогар», «пешвои корвон» истифода …
Муфассал »Қаторкӯҳи САРСАРАК
САРСАРАК, қаторкӯҳест дар қисми ҷануби ғарбии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар райони Данғараи вилояти Кӯлоб. Қад-қади соҳили чапи дарёи Вахш ба масофаи тақрибан 30 километр тӯл кашидааст. Бараш то 7—9 километр, баландиаш то 2000 метр. Қисми ҷанубии қаторкӯҳ Табақчӣ ном дорад. Сарсарак аз ҷинсҳаи давраи табошир (гил, рег, мергел, оҳаксанг, …
Муфассал »Деҳаи САРСИБУЛОҚ
САРСИБУЛОҚ, деҳасст дар Совети қишлоқи аии райони Ленинград, вилояти Кӯлоб. Совхозизи «Мӯъминобод-2». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 12 километр. Аҳолиаш 470 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ, магазин , фермаи чорвои ширдеҳ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ чорводорӣ, боғу боғдорӣ ва кирмакдорист. …
Муфассал »САРСАЗАН
САРСАЗАН, нимбуттаест аз оилаи о. То 60 сантиметр қад мекашад, пояаш банд-банди сероб, баргаш шакл, гулаш майдаи дуҷинса, байзашакли сиёҳтоб. Моҳҳои—сентябр гул, сентябр—ноябр мева мекунад. Асосан дар шӯразамини нимбиёбонҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР мерӯяд. Дар Тоҷикистон бештар дар шуразаминҳои вилоятҳои Ленинобод (Ашт, Конибодом) ва Қурғонтеппа …
Муфассал »САРРОФХОНА
САРРОФХОНА, дӯкон ё муассисаест, ки ба майда кардан ва савдои пул машғул буда, пули маҳаллиро ба пули хориҷӣ ва пули хориҷиро ба пули маҳаллӣ иваз мекунад. Саррофхона дар Юнони Қадим, Рими Қадим ва дигар мамлакатҳо маълум буд. Дар асрҳои миёна Саррофхона дар бисёр шаҳрҳои Европа низ вуҷуд дошт. Парокандагии пулбарорӣ …
Муфассал »САРСАБИЛ
САРСАБИЛ, номи дигари мору
Муфассал »САРОС
САРОС, даврест, ки баъди гузаштани он аз рӯи ҳамон як пайдарпаии муайян Офтоб ва Моҳ такроран мегиранд. Дар натиҷаи дар кураи осмон даврӣ такрон шудани мавқеи мутақобили Офтоб, Моҳ ва гиреҳҳоги Мадори Моҳ ба амал меояд. Сарос тақрибан ба 6585 1/3 шаборӯз баробар аст. Нигаред, низ Гирифт.
Муфассал »