Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРТАРОШӢ

САРТАРОШӢ

САРТАРОШӢ, як навъ касб, яке аз пешаҳои қадимист. Дар гузашта Сартарошӣ машғулияти мардона буд. Сартарош баробари тарошидани муйсар, риш ва ба тартиб даровардани мӯйлаб инчунин хатна, хунгирӣ, табобати баъзе касалиҳои асабро ба ӯҳда дошт. Аксари сартарошон шогирд доштанд. Баъди омӯхтани касби Сартарошӣ шогирд маросими розигии устодро мегузаронд (нигаред, Камарбандон) ва устои мустақил мешуд.

sartarosh

Устохонаи Сартароширо сартарошхона мегӯянд. Он дар гузару маҳалла ва бозорҳо сохта шу- да, бо лавозимоти зарурӣ (поку, мошини мӯйсаргирӣ, дукорд, оина, қайчӣ, шона, атриёт ва ғайра) ҷиҳозонида мешавад. Сартарошҳоро дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз соли 1930 ба артелҳо муттахид гардонида, дертар ба комбинатхои хизмати маишии шаҳру районҳо вобаста кардаанд. Ҳоло Сартарошӣ дар курсҳои махсус омӯзонида мешаванд. Т. Шокиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …