Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРТАЛА

Деҳаи САРТАЛА

САРТАЛА, деҳаест дар Совети қишлоқи Думбрачии райони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Қизилсу». Аз Сартала то маркази Совети қишлоқ 30 километр, то район 50 километр. Аҳолиаш 290 нафар (1981), тоҷикон ва қиргизҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва картошкакорист. Заминҳо аз канали «Ғулома» ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …