САТҲҲОИ КЕҲИН сатҳҳои минималӣ, сатҳҳоеанд, ки каҷии миёнаи ҳар як нуқтаашон ба сифр баробар аст (нигаред, Каҷӣ). Сатҳҳои кеҳин ҳангоми баррасии масъалаи вариатсионии зерин пайдо мешаванд: дар фазо ягон хати каҷи сарбаста дода шудааст; дар байни ҳамаи сатҳҳои имконпазирӣ аз хати каҷи мазкур гузаранда сатҳеро бояд интихоб кард, ки қисми …
Муфассал »Архивы за день : 21.05.2019
САТҲИ РИМАН
САТҲИ РИМАН яке аз мафҳумҳои асосии назарияи функсияҳои тағйирёбандаҳояш комплексист. Ин мафҳумро соли 1851 Б. Риман бо мақсади ба ҷои функсияҳои бисёрқимата омӯхтани функсияҳои таҳлилии якқиматаи нуқта дар сатҳҳои римании мувофиқ ба математика дохил кардааст. Нигаред, низ Функсияҳои таҳлилӣ.
Муфассал »САТҲИ МУВОЗИН дар геодезия
САТҲИ МУВОЗИН (аз арабӣ — бо чизе ҳамвазн будан) дар геодезия, сатҳест, ки дар ҳамаи нуқтаҳояш потенсиали қувваи вазнинӣ як хел бузургӣ дорад. Самти нормал ба Сатҳи мувозин ба самти қувваи вазнинӣ, яъне хати шоқулӣ, мувофиқ меояд. Сатҳи моеъи дар мувозинатбуда мисоли Сатҳи мувозин мебошад. Сатҳи мувозини майдони ҷозибаи Заминро, …
Муфассал »САТҲИ ДАВРЗАНӢ
САТҲИ ДАВРЗАНӢ, сатҳест, ки дар натиҷаи дар атрофи меҳвари беҳаракат давр задани ягон хати каҷ (ташкилкунанда) ҳосил мешавад. Нуқтаҳои хати каҷи ташкилкунанда (т) ҳангоми даврзанӣ давраҳоеро ҳосил мекунанд, ки параллелҳои сатҳ ном доранд (расм). Параллели калонтаринро экватор (а) ва хурдтаринро гарданаи Сатҳ меноманд. Буриши сатҳ бо ҳамворие, ки аз тири …
Муфассал »САТЯГРАҲА
САТЯГРАҲА (санскрипт айнан — матонат дар роҳи ҳақиқат), шакли муборизаи зиддиимперналистиест, ки хусусияти ғайризӯрӣ дорад. Онро дар ҳаракати озодихоҳии миллии Ҳиндустон М. К. Ганди ҷорӣ карда, бори аввал дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ҳамчун шакли мубориза бар зидди поймолкунии ҳуқуқҳои нажодии ҳиндуёни муқими он маҳал истифода бурда буд. Сатяграҳа дар ҳаракати …
Муфассал »«САТУРН»
«САТУРН», як силсила мушакҳои ҳомили 2- ва 3-зинадори америкои («С.-1», «С.-16», «С.-5*)-ро гӯянд, ки солҳои 1964—1967 барои ба мадор баровардани киштиҳои кайҳонии «Аполлон», стансияи мадории «Скайлэб» ва баъзе радифони маснӯи Замин сохта шудаанд. Барномаи коркарди чунин мушакҳоро низ «Сатурн» меноманд. Бо сӯзишвории моеъ кор мекунад. Массаи стартии Сатурн то 3000 тонна, …
Муфассал »САТТОРХОН Ҳоҷиҳасан
САТТОРХОН Ҳоҷиҳасан (1867, деҳаи Мискорон—17. 11. 1914, Теҳрон), ходими Револютсияи Эрон (1905—11), қаҳрамони миллии Эрон, муборизи фаъоли зидди истибдоди феодалию империалистӣ. Аз оилаи савдогар. Фаъолияти револютсионии худро дар дастаи партизании шаҳри Табрез сар карда, пас аз чанде яке аз сарварони он гардид. Сатторхон ханӯз дар оғози Револютсияи Эрон (1905—11) ба …
Муфассал »САТТОР ТУРСУН
САТТОР ТУРСУН фамилия Турсунов; таваллуд 15. 2. 1946, деҳаи Посурхии райони Бойсун, вилояти Сурхондарёи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1975. Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1970). Мудири шӯъбаи очерк ва публисистика (1970) ва …
Муфассал »САТРАПИЯ
САТРАПИЯ, сатрапӣ, музофоти ҳарбию маъмурии давлатҳои Ҳахоманишиён, Селевкиён, Порт ва Сосониёнро гӯянд, ки онро сатрапҳо идора мекарданд. Ба Сатрапия сипаҳсолорон низ таъин мешуданд. Дорои I дар катибаҳои Бесутун (кӯҳе дар назди Кирмоншоҳ) ва Нақши Рустам рӯйхати пурраи Сатрапияро зикр карда аст. Дар территорияи Осиёи Миёна ва Қазоқистони ҳозира ҳам Сатрапияҳои …
Муфассал »САТҲИ ВИНТӢ
САТҲИ ВИНТӢ, сатҳест, ки хати £ ҳангоми дар гирди меҳвари ноҷунбони ОО’ бо суръати кунҷии доимӣ чарх зада ва қад-қади ҳамин меҳвар ба пеш ҳаракат карданаш, ташкил медиҳад (расми 1). Сатҳи винтие, ки хати рост мекашад, геликоид (аз юнонӣ ЬеНкоз — спирал ва е1<1оз— шакл) ном дорад. Агар ин хати …
Муфассал »