САЛМОНИ ҲАМАДОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асрҳои 16—17 форс-таҷик. Чанд муддат дар Шероз ҳаёт ба cap бурдааст. Аз намунаи китобати вай як нусха девони Салмони Соваҷӣ дар Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе маҳфуз аст. И. Калонов.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
САЛМОНИ СОВАҶӢ
САЛМОНИ СОВАҶӢ Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоудлини Муҳаммад (1310, қарияи Соваи Ироқи Аҷам—1376, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Илмҳои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, ҳисобро ба ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Соваҷӣ шеърнависиро аз хурдсолӣ cap карда, дар айёми ҷавонӣ дар байни аҳли сухан обрӯю …
Муфассал »САЛМОНЕЛЛАҲО
САЛМОНЕЛЛАҲО (аз номи пато¬логи америкоӣ Д. Э. Салмон, 1850— 1914), як ҷинси бактерияҳои қаламчашакли споранаофарро гӯянд, кн дарозиашон 1—7 мкм, барашон қа¬риб 0,3—0,7 мкм аст. Салмонеллаҳо ба аэробҳо мансуб буда, одатан ҳаракатноканд. Бештар дар рӯдаи ҳайвонот ва одам зиндагӣ мекунад. Зиёда аз 20 намудашон маълум аст, ки аксарашон барангезандаи тифи …
Муфассал »САЛМОНЕЛЛËЗҲО
САЛМОНЕЛЛËЗҲО сирояти шадиди рӯдаи ҳайвоноту одам, ки салдеонеллаҳо (як ҷинси бактерияҳои қаламчашакли ҳогнаофаранда) меангезанд. Салмонеллёзҳо дар одам бемории муайянест, ки онро аз тифи шикамӣ (арақии шикампеч) фарқ мекунанд. Манбаи асосии он ҳайвонн касал, баъзан одам (одами касал ё зомили бактерия) мебошад. Салмонеллёзҳо одатан ба воситаи хӯрок (гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, …
Муфассал »САЛМАНАСАР
САЛМАНАСАР, номи шоҳони Ошур: Салманасар I, тақрибан cолҳои 1280—1260 то мелод ҳукмрондааст. Муборизаро бо давлати Митониён, ки падараш Ададнирари I cap карда буд, давом дод. Қӯшунҳои Митониён ва дастаҳои ёрирасони хеттҳо ва оромиҳоро торумор намуд, асосан Митониёнро қир кард. Пешравии қӯшунҳон Салманасар I ба сарҳади Кархемиш, ки барои хеттҳо ва …
Муфассал »САЛМ
САЛМ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари калонии Фаридун. Салм мувофиқи ривояти Фирдавсӣ баъд аз тақсими кишварҳо байни писарони Фаридун ҳукмрони Руму Ховар гардид. Ӯ ин тақсимотро нооқилона шуморида, ба бародари хурдиаш — Эраҷ, ки ҳукмрони Эрон буд, рашк кард ва бо бародари дигар — Тур иттифоқ карда, ҳар ду …
Муфассал »САЛЛУЛАЙН
САЛЛУЛАЙН (арабӣ- кашида шуданн чашм), дар тибби қадим истилоҳеро гӯянд, ки хурд шудан, фурӯрафтан ва ба дарун кашида шудани чашмро ифода мекунад.
Муфассал »Деҳаи САЛЛОХХОНА
САЛЛОХХОНА, деҳаест дар Совети қишлоқи Ëваи райони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорият колхози «Роҳи Ленин». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 км, то район 17 км, роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 580 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа китобхона, кинотеатр, фабрикаи паррандапарварӣ, ошхона ва сартарошхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагиаш пахтакорист. Заминҳо аз дарёи Сир …
Муфассал »САЛЛА
САЛЛА дастор, амома, матои яклухтест, ки ба гирди тоқӣ, арақчин ва кулоҳ печонанд. Географ ва муаррихи Юнони Қадим Страбон навиштааст, ки модиҳо Салла мебастанд ва ин одати онҳо ба эрониҳо гузаштааст. Салла дар аҳди Сосониён, инчунин дар Фаластин ҳам маъмул будааст. Ислом ҳангоми намозхонӣ Салла бастанро ҳатмӣ эълон кард. Саллаи …
Муфассал »САЛЛОХХОНА
САЛЛОХХОНА, кушншхона, кушхона, к а с с о б х о н а, муассисаест, ки дар он ҷо ҳайвоноти хоҷагии қишлоқро барои гӯшт мекушанд. Саллаххона дар маҳалҳои аҳолинишине, ки аз комбинатҳои гӯшт дуранд, воқеъ мешаванд. Саллаххона аз ҳавлии қабули чорво ва шӯъбаҳои қассобӣ, каллапоча, равғану чарбу, рӯда, пустнамаккунӣ ва ғайра …
Муфассал »