Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛМОНИ СОВАҶӢ

САЛМОНИ СОВАҶӢ

САЛМОНИ СОВАҶӢ Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоудлини Муҳаммад (1310, қарияи Соваи Ироқи Аҷам—1376, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Илмҳои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, ҳисобро ба ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Соваҷӣ шеърнависиро аз хурдсолӣ cap карда, дар айёми ҷавонӣ дар байни аҳли сухан обрӯю эътибор пайдо мекунад. Шӯҳрати шоирин Салмони Соваҷӣ бо таълифи «Қасидаи маснӯъ», ки дар чанд баҳр ва истифодаи санъатҳои гуногуни бадеӣ таълиф ёфта, ба номи вазири хонадови ҷалоирӣ Хоҷа Ғиёсуддин Муҳаммад (солҳои вазорат 1327—1335) ба тариқи мувашшад гуфта шудааст, бештар алоқаманд аст. Салмони Соваҷӣ дар 18-солагӣ ба Бағдод рафта, ба хизмати вазири номбурда ва хонадони ҷалоирӣ дохил шуда, бештари умрашро дар хидмати намояндагони ин сулола гузаронидааст. Сарфи назар аз он ки шоир бо муҳити дарбори феодалӣ пайвастагӣ дошт, зиндагии ӯ мӯътадил ва мулофиқи табъ намегузашт. Шоир агар аз як тариф, аз бадгӯӣ, итогарӣ ва суханчинии ҳасудон азоби рӯҳӣ кашида бошад, аз тарафи дигар, ба сабаби тангдастӣ ва нодорамӣ машаққат кашидааст ва маҷбур шудааст, ки ба шоҳ, вазир ва амалдорони ҷалоирӣ барои дастгирӣ муроҷиат намояд, вале хоҳишҳои ӯ аксар бенатиҷа мондаанд. Аз ҳамин сабаб Салмони Соваҷӣ ва аҳли оилааш гоҳ дар Бағдод, гоҳ дар Сова ва баъзан дар Табрез умр ба cap мебурданд. Салмони Соваҷӣ дар доираи адабии ин шаҳрҳо ва берун аз онҳо мақому мартабаи арзандаеро доро буд. Бо шоирони ҳамзамонаш, аз ҷумла, Убайди Зоконӣ мушоира кардааст. Дар шеър пайрави Ҳофиз, Саъдӣ, Камолуддини Исмоил, 3аҳири Форёбӣ, Анварӣ ва Манучеҳрӣ буд. Осори адабии шоир — ғазалҳо, қасоид, рубоиёт, қитъаҳо, тарҷеъбанду таркиббанд ва маснавиҳои ӯ, ки дар «Куллиёт»-аш гирд оварда шудаанд, дар ҳаҷми 16000 байт то замони мо расидаанд. Дар байни жанрҳои лирикии осори Салмони Соваҷӣ ғазал ва қасида ҷои намоёнро ишғол мекунад. Салмони Соваҷӣ ҳамчун шоири ғазалсаро эътибори калон дорад. Ӯ дар инкишофи минбаъдаи ғазал аз ҷиҳати шакл ва мазмуну мундариҷа дар баробари Хоҷуи Кирмонӣ, Носири Бухороӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштааст. Салмони Соваҷӣ дар достонсароӣ низ маҳорати хубе доштааст, ки «Ҷамшед ва Хуршед» (таълифаш 1362) «Фироқнома» (таълифаш 1369—1370) гувоҳи ин далеланд. Достони романтикии «Ҷамшед ва Хуршед» (3087 байт), ки онро А. Кримский ва Ян Рипка нусхаи дигари «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ донистаанд (Салмони Соваҷӣ гӯё танҳо номи қаҳрамонро тағйир додааст), дар асл манзумаест, ки дар асоси достонҳо ва ривоятҳои халқӣ эҷод гардидааст. Достони Салмони Соваҷӣ аз достони Низомӣ, ки асоси сюжети онро ашхос ва воқеаҳои таърихӣ ташкил додаанд, ба куллӣ фарқ мекунад. Ин фарқ дар сюжет, сохт, интихоби қаҳрамонҳо ва фаъолияти онҳо, ғоя, услуби адабӣ ва ғайра ба назар мерасад. Салмони Соваҷӣ дар достонаш саргузашти Ҷамшеди чинӣ ва қиссаи ишқи ӯро ба духтари қайсари Рум — Хуршед ҳикоя кардааст. Дар «Ҷамшед ва Хуршед» мавзӯи марказӣ тавсифи ишқи ҳақиқию софи инсон мебошад. Салмони Соваҷӣ баробари ин мавзӯъ масоили муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқиро аз қабили некиву некӯкорӣ, дӯстиву рафоқат, ростиву вафодорӣ ба миён гузоштааст. Дар «Фироқнома» оид ба дӯстии ду ҷавонпиcap — Малик ва Маҳбуб сухан меравад. Салмони Соваҷӣ калимаи «ишқ» ва мафхумҳои ба он мансубро ба маънии дӯстиву рафоқат ба кор бурдааст, ки аз ин ҷиҳат «Фироқнома» дар таърихи достонсароии форс-тоҷик асари аввалин аст.
Ад.: С а й ф и е в И.. Аз таърихи омӯхташудани ҳаёт ва аҷодиёти Салмони Соваҷӣ: Ҷараёни зиндагии Салмони Соваҷӣ; Роҷеъ ба достони Салмони Совачӣ «Ҷамшед на Хуршед», ҳар се мақола дар маҷм.: Чанд мулоҳизаи адабӣ.
Н. Сайфиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …