Маълумоти охирин
Главная / Биология / САЛМОНЕЛЛАҲО

САЛМОНЕЛЛАҲО

САЛМОНЕЛЛАҲО (аз номи пато¬логи америкоӣ Д. Э. Салмон, 1850— 1914), як ҷинси бактерияҳои қаламчашакли споранаофарро гӯянд, кн дарозиашон 1—7 мкм, барашон қа¬риб 0,3—0,7 мкм аст. Салмонеллаҳо ба аэробҳо мансуб буда, одатан ҳаракатноканд. Бештар дар рӯдаи ҳайвонот ва одам зиндагӣ мекунад.

bakteriya

Зиёда аз 20 намудашон маълум аст, ки аксарашон барангезандаи тифи раҷъӣ, паратифҳо (ниг. Тиф) ва салмонеллёзҳо мебошанд. Салмонеллаҳо ба таъсири омилҳои муҳити беруна (химиявӣ, физикӣ ва ғайра) нисбатан устуворанд. Масалан, ба¬рои тамоман безарар гардонидани гӯшт (вазнаш 400 г, ғафсии як бурдааш 9 см)-е, ки бо Salmonella еnteritidis- сироят ёфтааст, онро бояд дар об дуним соат ҷӯшонид.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …