Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 22)

Архив Месяца: April 2019

САДО

sado-ovoz

САДО, мавҷҳои чандирро гӯянд, ки дар муҳити газшакл, моеъ ва сахт паҳн мешаванд ва онҳоро гӯши одам қабул карда метавонад. Одам Садои басомадаш аз 16 Гс то 20000 Гс-ро мешунавад. Садои басомадаш аз 16 Гс хурд инфрасадо ва Садои басомадаш аз 20000 Гс калон ултрасадо ном дорад. Мавҷҳои чандири баландбасомади …

Муфассал »

САДМА – шок

shok

САДМА, шок (аз англ, shock — заниш, садама, зарба, зарбдиҳӣ), ҳолати босуръат вусъатёбанда ва барои ҳаёти одамӣ хатарнокро гӯянд, ки дар натиҷаи аз таъсироти зур вайрон шудани фаъолияти тамоми системаҳои физиологӣ ба вуҷуд меояд. Ҷиҳати хоси Садма ихтилоли гардиши хуни капиллярӣ дар бофтаҳо мебошад; ихтилоли гардиши хуни капиллярӣ бошад, аз …

Муфассал »

Деҳаи САДИҚА

САДИҚА, деҳаест дар Совети қишлоқи Сағирдашти райони Қалъаихуми ВМКБ. Территорияи совхози Сағирдашт». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 70 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 65 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагиаш ғаллакорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз чашмаи Марғзор обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

САДИЗМ

САДИЗМ, дар тиб як навь шаҳватпарастиест, ки гирифтори он ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ба азоби рӯҳӣ ё ҷисмонии зан мекӯшад. Садизм аз номи нависандаи франсавӣ Маркиз де Сад (de Sade, 1740—1814) бармеояд. Ӯ дар романҳояш ҷиноятҳои алоқаи ҷинсиро, ки бо амали зӯрӣ ва бераҳмӣ алоқаманданд, тасвир карда буд. Дар маънои маҷозиаш …

Муфассал »

САДИД

САДИД (ар— зардоби ҷароҳат), дар тибби қадим рутубатеро гӯянд, ки аз хуни фосид дар ҷароҳат пайдо мешавад.

Муфассал »

САДДИ ЧИН

devori-chin

САДДИ ЧИН, девори қалъа дар Хитойи Шимолӣ, ёдгории бузурги меъмории Чини бостонист. Қисми якумаш дар асрҳои 4—3 то мелод бунёд гардидааст. Баъди муттаҳидшавии Хитой (221 то мелод) император Тсин Шнхуанди фармон дод, ки барои эмин доштани сарҳади шимолу ғарбии империя аз ҳуҷуми халқҳои бодиянишин девор бардошта шавад. Минбаъд Садди Чин …

Муфассал »

САДДИ ИСКАНДАРӢ

САДДИ ИСКАНДАРӢ Садди Искандер, Садди Сикандар, деворест, ки мувофиқи ривоятҳо Искандари Мақдунӣ барои бастани пеши роҳи лашкари Яъҷуҷу Маъҷуҷ сохта будааст. Бисёр шоирони классикии форс-тоҷик Садди Искандариро ҳамчун образи шеърй истифода намудаанд: Зи ту дар оина наззора кардан, Зи ман садди Саркандар пора кардан. (Хусрави Деҳлавӣ). Садди Искандарӣ бо номҳои …

Муфассал »

Деҳаи САДВАДГ

САДВАДГ, деҳаест дар Совети қишлоқи Техарви pайони Ванҷи ВМКБ. Территорияи совхози ба номи А. П. Федченко. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 7 км, то район 31 км. Аҳолиаш 146 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ боғдорӣ, тамоку ва ғаллакорист. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САДБАРГҲО

САДБАРГҲО, деҳаест дар Совети қишлоқи Лоҳутии pайони Ховалинг, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози ба номи А. Лоҳутӣ. Аз Садбаргҳо то маркази Совети қишлоқ 16 км. Аҳолиаш 350 нафар (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, касалхона, фермаи чорвопарварӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш ғаллакории лалмб, чорвою кирмакдорист.

Муфассал »