САЙМА (Sаima), Саймак К а л о н, системаи кӯлҳоест дар ҷанубу шарқи Финляндия. Масоҳати умумиашон 4,4 ҳазор км2. Чуқуриашон то 82 м. Соҳили кӯлҳо пурпечутоби шахдор буда, бо бешаҳо пӯшида шудаанд. Ҷазираҳо бисёранд. Ба Сайма дарёҳои бисёре мерезанд. Кӯлҳо ноябр-декабр ях баста, апрел-май об мешаванд. Саймаро дарёи Вуокса бо …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
САЙКО Эди Викторовна
САЙКО Эди Викторовна (таваллудаш 25. 4. 1932, деҳаи Обигарми райони Файзободи РСС Тоҷикистон), археологи советӣ, доктори илмҳои таърих (1979). Духтари В. А. Сайко. Соли 1956 баъди хатми факултети таърихи Университети давлатии Москва (УДМ) ба номи М. В. Ломоносов, аспиранти Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1961—1964 ходими хурди илмӣ …
Муфассал »САЙКО Виктор Антонович
САЙКО Виктор Антонович (18. 12. 1905, райони Апостол, ҳоло вилояти Днепропетровск —25. 08. 1983, Душанбе), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1929. Соли 1919 Сайко ба мактаби ҳарбию фелдшерии Херсон дохил шуд. Солҳои 1919—1920 ҷанговари отряди қисмҳои ҳарбии махсус. Солҳои 1925—1926 ангишткани кони …
Муфассал »САЙИДОИ НАСАФӢ Миробид
САЙИДОИ НАСАФӢ Миробид (соли таваллудаш номаълум — вафоташ байни солҳои 1707—1711, Бухоро), шоири тоҷик. Зоҳтран, аҷдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро аз оилаи ҳунарманди қашшоқ ба дунё омадааст. Дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ зиндагии пурмашаққат ва ғамангезе доштааст, ки байти зерни ба ин ҳолати ӯ ишораии …
Муфассал »Деҳаи САЙИДО
САЙИДО, деҳаест дар Совети қишлоқи «50-солагии РСС Тоҷикистон»-и pайони Куйбишев, вилояти Қӯрғоптеппа. Территорияи совҳози «Съезди 25-уми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 км, то район 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтаю ғаллакории чорво ва кирмакдорист. Зиминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.
Муфассал »САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН
САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН (соли таваллудаш номаълум, вафоташ 1578), яке аз хаттотони асри 16 тоҷик. Аслан аз Машҳад. Барои омӯхтани ҳунари хаттотӣ ба Ҳирот омада, ба Миралӣ шогирдшуда, то ба дараҷаи устодӣ расидааст. Сайидаҳмади Ғазолулъайнро ҳамроҳи Миралӣ ва баъзе хаттотону ҳунармандони дигар солт 1529 ба Бухоро овардаанд. Сайидаҳмади Ғазолулъайн чанд муддат ҳамроҳи …
Муфассал »САЙИДАЛИИ САБЗВОРӢ
САЙИДАЛИИ САБЗВОРӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар чанде аз тазкираҳо (аз ҷумла, «Рӯзи равшан»-и Сабо) номаш дар радифи 1 шоирони ғазалсарои асри 16 зикр шудааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш равшан нест. Аз эҷодиёти Сайидалии Сабзворӣ абёти парокандаи ғазалу қасидаҳо тавассути тазкиираҳо то замони мо боқӣ мондааст. …
Муфассал »САЙИД АБДУЛЛОҲ Сайидхокии Самарқандӣ
САЙИД АБДУЛЛОҲ Сайидхокии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1690, Бухоро), шоири тоҷик. Мувофиқи ахбори Малеҳои Самарқандӣ Сайид Абдуллоҳ аз хурдсолӣ ба омӯзиши илму адаб камар баста будааст; баъдтар дар бозори Самарқанд бо ҷамъоварӣ ва фурӯши китоб машғул шудааст. Дар ибтидо «Сайидо» тахаллус мекардааст, вале баъди он, ки Сайидои Насафӣ низ бо …
Муфассал »САЙИД
САЙИД (арабӣ —меҳтар, ҷаноб), 1) тахаллуси авлодӣ Муҳаммад; дертар одамони табақаҳои гуногуни иҷтимоб, қатъи назар аз он ки авлоди пайғамбар дастанд ё не, худро Сайид меномидагӣ шуданд; 2) дар асрҳои миёна, нав ва навтарин табақаи ҳукмрон, аз ҷумла амирони Бухоро. C. Ғоибов.
Муфассал »САЙËРАҲОИ ХУРД – астероидҳо
САЙËРАҲОИ ХУРД, астероидҳо, ҷирмҳои осмонтеро гӯянд, ки дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори эллипсшакл давр мезаганд. Мадори аксарияти (98%) Сайëраҳои хурд дар байни Миоррих ва Муштафӣ ҷой гирифтаанд. Астероиди нахустинро 1 январи соли 1801 Ҷ. Пиасси кашф кард, ки онро Серера номиданд. Пас аз як сол Г. Олберс астероиди навро …
Муфассал »