Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙИД АБДУЛЛОҲ Сайидхокии Самарқандӣ

САЙИД АБДУЛЛОҲ Сайидхокии Самарқандӣ

САЙИД АБДУЛЛОҲ Сайидхокии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1690, Бухоро), шоири тоҷик. Мувофиқи ахбори Малеҳои Самарқандӣ Сайид Абдуллоҳ аз хурдсолӣ ба омӯзиши илму адаб камар баста будааст; баъдтар дар бозори Самарқанд бо ҷамъоварӣ ва фурӯши китоб машғул шудааст. Дар ибтидо «Сайидо» тахаллус мекардааст, вале баъди он, ки Сайидои Насафӣ низ бо ин тахаллус шеър эҷод мекунад, байни онҳо дар Самарқанд баҳсе баргузор гардид ва Сайид Абдуллоҳ «Сайид» тахаллус мекунад. Аз Сайид Абдуллоҳ мороси зиёде боқӣ
намондааст. Дар бораи девонаш сарчашмаҳои адабӣ иттилое надодаанд. Абдулғанӣ Мирзоев мӯътақид аст, ки ду нусхаи дастнависи девоне, ки яке дар Китобхонаи республикавии ба гоми Фирдавсӣ ва дигаре дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон маҳфузанд, моли Сайид Абдуллоҳ мебошанд. Ба қавли Малеҳо маҳорати шоирии Сайид Абдуллоҳ баланд набудааст. Асарҳот ӯ асосан дар пайравии осори гузаштагон иншо шудаанд.
Ад.:. М и р з о е в А., Сайидо Насафӣ и его место в истории таджикской лите-ратуры, Сталинабад, 1954.
Ҳ. Самадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …