Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 148)

Архив Месяца: April 2019

Вилояти УРАЛ

ural-v

УРАЛ, вилоятест дар ҳайати РСС Қазоқистон 10 марти 1932 таъсис ёфтааст. Масоҳат 1551,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 607 ҳазор нафар (1934), аҳолии шаҳрӣ 41%. 16 райони маъмурӣ, 3 шаҳр ва 6 птш дорад. Маркаааш шаҳри Уралск. Урал дар пастии Наздикаспий воқеъ гаштааст, қисми шимолиашро шохаҳои баландии Сирти Миёна (баландиаш то 263 …

Муфассал »

Силсилаи кӯҳии УРАЛ

ural-kiuh

УРАЛ, силсилаи кӯҳист дар сарҳади Европа ва Осиё. Ба самти арз аз соҳилҳои баҳри Кара то шаҳри Орск кашол ёфтааст. Тӯлаш зиёда аз 2000 км, бараш аз 40 то 150 км. Урал аз бахшгоҳи асосӣ ва якчанд қаторкӯҳҳои паҳлуӣ иборат аст, ки онҳоро пастиҳои фарох аз ҳам ҷудо кардаанд. Ба …

Муфассал »

УПИТ Андрей Мартынович

upit-am

УПИТ Андрей Мартынович (4. 12. 1877, Скривери, ҳозира раёни Огри 1970, Рига), нависанда, асосгузори адабиёти советии латыш, ходими ҷамъиятӣ, Нависандаи Халқии РСС Латвия (1943), академики Академияи Фанҳои РСС Латвия. (1946), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967). Аъзои КПСС аз соли 1917. Дар ташаккули афкори эстетикии Упит Революсияи 1905—07, шиносоии ӯ бо марксизм …

Муфассал »

УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОҶИКИСТОН

УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОҶИКИСТОН, муассисаест, ки ба кори як қатор экспедисияҳо ва идораҳои геологӣ роҳбарӣ мекунад. Он 28 июни 1938 дар заминаи Трести геологии Осиёи Миёна ва отрядҳои экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шудааст. Управленияи геологияи РСС Тоҷикистон ҳам ба Вазорати геологияи СССР ва ҳам ба Совети Вазирони …

Муфассал »

Деҳаи УНҶӢ

УНҶӢ, деҳа, маркази совети қишлоқи Унҷии раёни Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози ба номи С. Урунхӯҷаев. Аз деҳа то маркази район 8 км. Аҳолиаш 7200 нафар (1985). Дар деҳаи Унҷӣ 2 мактаби миёна, мактаби 8- сола, клуб, хонаи пионерон, касалхона, шӯъбаи алоқа, 3 пункти тиббӣ, 2 яслӣ-боғча, 6 нуқтаи …

Муфассал »

УНСӢ Сайид Қутбуддин

УНСӢ Сайид Қутбуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1517), шоири форс-тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ маълумот медиҳад. У соҳиби достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва қасоиду ғазалиёт будааст. Аз достонаш хабаре нест, вале қасоиду ғазалиёти ӯ дар ҷунгу баёзҳо …

Муфассал »

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад (тақрибан 968, Балх—1040), шоири форс-тоҷик. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасагиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди таҳсил дар дарбори султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш — султон Масъуд хидмат кардааст. Маликушшуаро буд, вале дар охири умр аз ин вазифа ва хидмати дарбор даст кашид. Унсурӣ асарҳои зиёде таълиф кардааст. …

Муфассал »

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС ибни Искандар ибни Қобус (1020—1099), насрнависи форс-тоҷик. Яке аз ҳокимони сулолаи Зиёриён. Аз илмҳои замонаш хуб огоҳ буд. Дар Гургон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиши тиб пардохт; илми нуҷум, ҳайъат, шеър ва мусиқиро ҳам омӯхт. Унсурмаолӣ шахси донишманд буд ва таҷрибаи фаровони ҳаётӣ дошт. Ҳамаи …

Муфассал »

УННОБ

УННОБ, уноб, ҷелонҷигда, дарахтест, ки мевааш ба санҷид (ҷигда) монандӣ дорад, вале аз вай сурхтар ва сергӯшттар мешавад.

Муфассал »