УРС, вурс, бурс, номи дигари арча.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
УРОЛОГИЯ
УРОЛОГИЯ (аз уро… ва логия), як соҳаи тибро гӯянд, ки бемориҳои узвҳои пешоб (дар мардҳо бемориҳои узвҳои ҷинсӣ), пешгирӣ ва усулҳои муолиҷаи онҳоро меомӯзад. Бемориҳои урологӣ аз қадим маълум буданд, вале урология ҳамчун илм асри 19 ташаккул ёфт. Соли 1869 Г. Зимон (дар Германия) бори нахуст гурдаро безарар бурида партофт. …
Муфассал »УРОБАКТЕРИЯҲО
УРОБАКТЕРИЯҲО (аз уро… ва бактерияҳо), бактерияҳоеро гуянд, ки карбамидро то аммиак ва дуоксиди карбон гидролиз мегуяанд: СО(NН2)2 + НаО СO2 + 2NН3. Ба уробактерияҳо аэробҳое мансубанд, ки дар муҳити ишқории баланд (рН = 9,5) афзоиш мекунанд. Уробактерияҳо дар хок, пешоб, пору, обҳои равон ва ғайра зиндагӣ мекунанд.
Муфассал »УРО…
УРО… (аз юнонӣ uron — пешоб), як қисми калимаҳои мураккаб (истилоҳҳои тиббӣ ва биологӣ) мансубияти калимаҳои мазкурро ба пешоб, узвҳои пешоб ва карбамид ифода мекунад. Масалан, урология, уробактерияҳо.
Муфассал »Деҳаи УРМЕТАН
УРМЕТАН, деҳа, маркази совети қишлоқи Урметани раёни Айнӣ, вилояти Левинобод. Дар ҳудуди колхози «Узбекистон». Аз деҳа то маркази район 40 км. Аҳолиаш 4550 нафар (1986). Дар деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, касалхона, дорухона, шуъбаи алоқа, устохонаҳои дӯзандагӣ, таъмири пойафзол, дуредгари, кулолӣ, оҳангарӣ, нонвойхона, ошхона, чойхона ва магазин мавҷуданд. Соҳаҳои асосии …
Муфассал »УРИСКИЙ Моисей Соломонович
УРИСКИИ Моисей Соломонович (14. 1. 1873, шаҳри Черкасси—30. 8. 1918, Петроград) ходими ҳаракати революсионӣ дар Россия. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1917. Аз оилаи тоҷир. Иштирокчии Революцияи 1905 —07 дар Петербург ва Красноярск. Иштирокчии Съезди 6-уми РСДРП (б); дар ин съезд аъзои Комитети Марказии РСДРП (б) интихоб гардид. Дар рузҳои …
Муфассал »УРЗ
УРЗ, арз, нигаред. Биринҷ.
Муфассал »УРЕТРИТ
УРЕТРИТ, илтиҳоби шадид ё музмини пардаи луобии пешоброҳаро гӯянд. Ба Уретрит бештар мардҳо гирифтор мешаванд. Одатан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Уретрит метавонад сӯзокӣ, трихомонадӣ ва номахсус шавад. Уретрити шадид баъди як чанд шаборӯз (ҳангоми сӯзок 3—4, ҳангоми трихомоноз ва Уретрити номахсус баъди 5—20)-и сироят ёфтан оғоз меёбад; аз пешоброҳа мадда …
Муфассал »УРЕМИЯ
УРЕМИЯ (аз юнонӣ uron — пешоб ва haima — хун), худзаҳролудкунии шадид ё музмини организм, ки дар натиҷаи номураттабии кори гурда ба вуҷуд меояд. Уремияи шадид ҳангоми заъфи пуршиддати гурда (дар давраи олигурия — кампешоби) пайдо мешавад, ки дар натиҷа дар хун миқдоран креатинин, карбамид, индикан ва аммиак хеле зиёд …
Муфассал »УРДУН
УРДУН, Шоҳии ҲошимииУрдун давлатест дар Шарқи Наздик Масоҳат 95,4 ҳазор км2 (беш аз 6,6 ҳазор км2-и онро соли 1967 давлати Исроил ишғол кардааст). Аҳолиаш 3,5 млн нафар (охири 1982), аз ҷумла 0,85 млн нафар дар ҳудуди ишғолкардаи Исроил эиндагӣ мекунанд. Қариб 95% аҳолӣ арабҳоанд, боқимонда — арманиҳо, форсҳо, туркҳо, курдҳо …
Муфассал »