Маълумоти охирин
Главная / Илм / УРОЛОГИЯ

УРОЛОГИЯ

УРОЛОГИЯ (аз уро… ва логия), як соҳаи тибро гӯянд, ки бемориҳои узвҳои пешоб (дар мардҳо бемориҳои узвҳои ҷинсӣ), пешгирӣ ва усулҳои муолиҷаи онҳоро меомӯзад. Бемориҳои урологӣ аз қадим маълум буданд, вале урология ҳамчун илм асри 19 ташаккул ёфт. Соли 1869 Г. Зимон (дар Германия) бори нахуст гурдаро безарар бурида партофт. Дар тараққиёти минбаъдаи Урология хизмати олимони франсавӣ Ф. Ж. К. Гюйон, Л. Мерсье, Ж. Албарран, англис Г. Томпсон, П. Фрейер ва австрияги Л. Диттель бузург аст. Дар асри 20 усулҳои нави ташхису муолиҷаи урологӣ, масалан, хромосистоскопия, пиелюграфияи ретроградӣ, урографияи экскреторӣ ва ғайра кашф шуданд. Соли 1943 олими голландӣ В. Колф бори аввал гурдаи сунъиро истифода бурд. Инкишофи Урология дар Россия (асри 19) ба фаъолияти И. Ф. Буш, И. В. Буялский ва Н. И. Пирогов алоқаманд аст.
Урология дар Тоҷикистон соли 1958 ба вуҷуд омад. Соли 1965 дар беморхонаи республикавии № 3 шӯъба (дорои 90 кат) ва соли 1969 дар Институти тиббӣ кафедраи урологӣ кушода шуд. Минбаъд шӯъбаҳои урологӣ (дорои 30— 40 кат) дар Ленинобод, Уротеппа, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб низ ташкил шуданд. Дар шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод ва Орҷоникидзеобод шӯъбаҳои фтизиоурологӣ амал мекунанд. Дар Душанбе инчунин кабинети тадқиқи безурётии мард мавҷуд аст. Шароити географии республикаро ба назар гирифта, дар 11 шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаҳои районӣ барои шахсони гирифтори бемориҳои урологӣ 10—15-тогӣ кат ҷудо карданд. Урологҳои Тоҷикистои баъае масъалаҳои муҳимми урологию нефрологӣ, масалан, таъсири омилҳои баландкӯҳи Помир ба кори гурдаи одам, муолиҷаи бемориҳои илтиҳобии музмин ва дарди санги гурда дар курорти Хоҷаобигарм, тағиири гурда ҳангоми нефрокалсивози таҷрибавӣ ва ғайраро бомуваффақият ҳал карда истодаанд. Дар Тоҷикистон шумораи бисёри урологҳо кор мекунанд. А. С. Осимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …