УСТУРА нигаред Поку.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
УСТОХОНА
УСТОХОНА, дар археологияи асри санг маҳалли омода намудани олоти сангӣ ва партовҳои истеҳсолотро гӯянд. Дар устохона ҳамчун қароргоҳи муваққатӣ одамон коркарди ибтидоии олоти санги (нуклеусҳо, парахасангҳо, пластинаҳо ва ғайра)-ро анҷом медоданд. Ду навъи асосии устохонаи асри санг мавҷуд аст: қароргоҳ ва устохона. Устохонаҳои асри санг дар СССР қариб дар ҳама …
Муфассал »УСТОМУЛЛО – Гӯри Муғ
УСТОМУЛЛО, Гӯри Муғ, Қабристони Устомулло, ёдгории археологӣ, қабристонест мансуб ба асрҳои 2 то мелод—2 м. (воқеъ дар 1 км ҷанубу шарқтари деҳаи Навгилеми раёни Исфараи вилояти Ленинобод). Дар ҳамвории 210Х135 м 72 пушта ҷойгир аст. Пуштаҳо гумбазмонанданд. Устомуллоро соли 1952 бостоншиносони Экспедисияи археологии Тоҷикистон кашф карданд. Соли 1956 8 пуштаи …
Муфассал »УСТОДИ ЧОРВОДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН
УСТОДИ ЧОРВОДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ. Ба колхозчиён, коргарон, сардорони бригадаҳо, мудирони фермаю бригадаҳои чорводорӣ ва мурғпарварии колхозу совхозҳо, раисон ва ҷонишинони раисони колхозҳо, директорон ва ҷонишинони директорони совхозҳо ва дигар коркунони соҳаи чорводорӣ, ки онҳо дар кори зиёд намудани саршумори чорво ва парранда ва маҳсулоти он саҳми арзанда доранд, …
Муфассал »УСТОДИ ВАРЗИШ
УСТОДИ ВАРЗИШ, дар СССР унвонҳои зерини спортӣ таъсис шудаанд: 1) Устоди спорти СССР, соли 1935 бо қарори Совети Олии физкултураи назди КИМ-и СССР муқаррар гардидаст. Ин унвон ба варзишгароне дода мешавад, ки дар мусобиқаҳои расмӣ меъёру талаботи Низомномаи умумииттифоқии спортро иҷро кардаанд. Дар РСС Тоҷикистон бештар аз 1400 нафар (январи …
Муфассал »УСТОДИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ ТАЪЛИМИ КАСБҲОИ ТЕХНИКӢ
УСТОДИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ ТАЪЛИМИ КАСБҲОИ ТЕХНИКӢ, унвони фахрӣ, ба устои таълими истеҳсолии омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии шаҳру деҳот, инчунин ба инспекторони управленияҳои таълими касбҳои техникӣ дода мешавад. Устоди хизматнишондодаи таълими касбҳои техникӣ соли 1956 муқаррар гардид, ки аз тарафи Президиуми Совети Олии республикаҳои иттифоқӣ бо тавсияи комитетҳои республикавии таълими касбҳои техникӣ дода …
Муфассал »УСТОДИ ПАХТАИ РСС ТОҶИКИСТОН
УСТОДИ ПАХТАИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ. Ба колхозчиён, коркунони совхозҳо, агрономҳо, коркунони муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таҷрибавии пахтакорӣ, ба раисони колхозҳо ва директорони совхозҳо, ки агротехникаи пахтаро хуб аз худ карда, дар амал ҷорӣ намудаанд, дар кори парвариши пахта комёбиҳои илм ва таҷрибаҳои пешқадамро васеъ ба кор бурдаанд, бо кори …
Муфассал »УСТОДИ БОҒДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН
УСТОДИ БОҒДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ. Ба колхозчиён, коркунони совхозҳо, институтҳои тадқиқоти илмӣ, мутахассисони соҳаи боғу токдорӣ ва ситруспарварӣ, ки ҳар сол ҳосили фаровон ба даст оварда, дар бобати зиёд намудани истеҳсоли меваҷот, ангур ва меваҳои ситрусӣ ва ғайра саҳми калон гузоштаанд, дода мешавад. Унвони Устоди боғдории РСС Тоҷикистон ва …
Муфассал »УСТОД ШОДӢ
УСТОД ШОДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум) ҳофиз, оҳангсоз ва машшоқи форс-тоҷик (асри 15). Дар Ҳирот таваллуд шудааст. Санъати мусиқиро аа устодони номии замон, назарияи онро аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон омӯхтааст. Устод Шодӣ дар сурудхонӣ маҳорати баланд дошта, мушкилтарин қисматҳои созию овозии мақомҳоро моҳирона месуруд. Аз асарҳои ӯ махсусан …
Муфассал »УСТОД ТОҲИР
УСТОД ТОҲИР Усто тоҳирҷон Давлатов, (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда ва оҳангсози халқӣ, шашмақомдони тоҷик (охири асри 19). Дар Ғиждувони Бухоро дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Устод Тоҳир дар навохтани танбӯр шӯҳрат дошт, таркиботи созию овозии «Шашмақом»-ро дар ҷамъомаду маъракаҳои халқӣ иҷро менамуд. Махсусан дар иҷрои «Савт», «Талқинча», …
Муфассал »