Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 137)

Архив Месяца: April 2019

УҚЁНУСИ ОРОМ

uk-orom

УҚЁНУСИ ОРОМ, калонтарин уқёнуси кураи Замин, ки байни материкҳои Евросиё ва Австралия дар ғарб, Америкаи Шимолӣ ва Чануби дар шарқ, Антарктида дар ҷануб воқеъ гаштааст. Масоҳати якҷоя бо баҳрҳо 179,7 млн км2, ҳаҷми об 724 млн км3, ҷои аз ҳама чуқураш 11022 м (Нован Мариана). Баҳрҳо асосан дар канорҳои шимолӣ …

Муфассал »

УҚЁНУСИ АТЛАНТИК

uk-atlantik

УҚЁНУСИ АТЛАНТИК, аз ҷиҳати бузургӣ баъди уқёнуси Ором дуюмин уқснуси кураи Замин буда, дар байни Гренландияю Исландия дар шимол, Европаю Африка дар шарқ, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар ғарб ва Антарктида дар ҷануб воқеъ гаштааст. Масоҳати (якҷоя бо баҳрҳояш) 93,36 млн км2. Ҳаҷми об 337 млн км3, чуқуриаш ба ҳисоби …

Муфассал »

УҚЁНУС

122

УҚЁНУС (юнонӣ Океаnos), Уқёнуси Олам, табақаи яклухти оби Заминро гӯянд, ки материку ҷазираҳоро иҳота кардааст. Уқёнус масоҳати 361,06 млн км2 (ҳаҷмаш 1370 млн км3)-ро ишғол кардааст, ки тақрибан 70,8%-и (дар нимкураи шимолӣ 61%, нимкураи ҷанубӣ 81%) сатҳи заминро ташкил медиқад. Ба воситаи материкҳо ба 4 қисм тақсим мешавад: уқёнусҳои Ором …

Муфассал »

УҚОБҲО

ukob

УҚОБҲО (Аguila), як ҷинси паррандагони соҳибчангол аз оилаи Асcipidridae. Боли паҳну дароз (ҳангоми кушода будан то 2—2,4 м) ва пойу чанголҳои боқувват доранд; дарозиашон то 1 м; вазнашон то 6 кг, нарина ва модинаашон ҳамранганд. 9 намуд дошта, аз зонаи бешатундра то биёбон ва кӯҳҳои Европа, Осиё, Африка ва Америкаи …

Муфассал »

УҚНУМ

УҚНУМ (аз юнонӣ еikon — тасвир, симо), дар масеҳият ба маънои васеъ тасвири Исои Масеҳ, модархудо ва валиёнеро гуянд, ки калисо онҳоро муқаддас эълон кардааст. Бамаънои махдуд тасвир ё пайкараҳои сюжети динидошта, худоҳо ва авлиёе, ки ба онҳо ибодат мекунанд. Дар католисизм парастиши пайкараҳо, дар православие парастиши тасвирҳои рӯи чӯб …

Муфассал »

УҒАН

460030_276f51a0

УҒАН, юған, уға, угон, вогун, вигна, варх (Ргаngos), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Баргаш дарози панҷадор (30—100 см), гулаш зард, мевааш калони паррадор. Моҳи май — июн гул мекунад, моҳи август— сентябр тухмаш пухта ба замин мерезад. Уған аз тухмаш афзоиш меёбад ва беш аз 200 сол умр …

Муфассал »

УҚМ

УҚМ (арабӣ беҳосилӣ), дар тибби қадим надоштани қобилияти ҳомиладоршавӣ (занҳо) ё ҳомиладоркунӣ (мардҳо)-ро мегуфтанд. Дар тибби муосир уқмро бо истилоҳҳои агенеаия (из лотинӣ а. — нест, genesis 913 — пайдоиш) ва импотенсия (аз лотинӣ impotentia — беқувватӣ) ифода менамоянд.

Муфассал »

«УЮН-УЛ-АХБОР»

«УЮН-УЛ-АХБОР» асари Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслими Диноварӣ маъруф ба Ибни Қутайба мебошад, ки ба забони арабӣ таълиф шуда, масъалаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, этнографӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст. Аз муқаддима ва 10 боб иборат аст. Ибни Қутайба дар «Уюн-ул-ахбор» оид бамасъалаҳои давлатдорӣ, ҷангҳо, зӯҳд, дӯстӣ, соҳаҳои гуногуни илм, хислатҳои инсонӣ …

Муфассал »