«ФАРФАР» оҳангест дар қисми «Мушкилот» (созӣ)-и мақоми «Ироқ»-и «Шашмақом». «Фарфар» оҳанги чорум буда, бо усули 2/4 иҷро мешавад. Вай 5 бозгӯй ва 11 хона дорад; фарқи «Фарвар» аз дигар оҳангҳо дар он аст, ки бо бозгуӣ сар шуда, дар охир бозгӯй надорад. Бо бемол (Ь) навохта мешавад. И. Раҳимов.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ФАРСОИШ
ФАРСОИШ, ҷараёни дар рӯи замин ё дар қисмҳои ба сатҳ наздики он порашави ва дучори тағйироти химиявӣ гардидани ҷинсҳои кӯҳиро гӯянд, ки дар натиҷаи пасту баландии ҳарорат, таъсири химиявии ҳаво, об ва органиамҳо ба амал меояд. Фарсоиш физикӣ (механикӣ), химиявӣ ва органикӣ (дар натиҷаи таъсири организмҳои зинда) мешавад.
Муфассал »ФАРСАНГ
ФАРСАНГ фарсах, парсанг, ченаки масофа. Маълумоти аввалин оид ба фарсанг дар Авесто, инчунин дар асарҳои мулллифони асрҳои 9—10 мавҷуд аст. Дар замонҳои қадим ба ҷои фарсанг сангро кор мефармуданд. Аксари олимон дарозии 1 фарсангро 6—8 км муайян кардаанд. Аммо фарсанг дар мавзеъҳои мухталиф гуногун буд: дар асри 19 дар Бухоро, …
Муфассал »«ФАРРУХРӮЗ»
«ФАРРУХРӮЗ» оҳанги қадимӣ аз таснифоти Борбади Марвист (аз силсилаи оҳангҳои «Сигона»).
Муфассал »ФАРРУХӢ
ФАРРУХӢ (Абулҳасан Алӣ ибни Ҷулуғи Систонӣ (980, Систон—1037, Ғазнин), шоири форс-тоҷик. Фаррухӣ аз хурдсолӣ ба шеъргӯи пардохта, зуд дар шоирӣ ном баровард. Илова бар ин ӯ дар чангзанию овозхонӣ ҳам ҳунарманд будааст. Дар ҷустуҷӯи мамдӯҳ ба дарбори ҳокими Чағониёи Абулмузаффар омад. Коргузори Абулмузаффар Амид Асъад аз маҳорати шоирии Фаррухӣ моту …
Муфассал »ФАРРУХИИ ЯЗДӢ Мирзомуҳаммад
ФАРРУХИИ ЯЗДӢ Мирзомуҳаммад (1888, Язд—1939, Теҳрон), шоири эронӣ. Дар мактаби англисӣ мехонд. Соли 1904 барои ақидаҳои озодихоҳонааш аз ин мактаб ронда шуд. Шоир коргариро касб кард. Иштирокчии фаъоли инқилоби буржуазии демократии солҳои 1905—11 Эрон (Инқилбои Машрута) буд ва дар ашъораш ғояҳои озодию инқилобро тарғиб менамуд. Соли 1910 барои шеъри бар …
Муфассал »ФАРОШТУРУК
ФАРОШТУРУК (Hirundinidae), фароштурук, фаростук, парасту, достак, абобил, паррандаест сиёҳбол, ки дар шифти хонаҳо бо лой лона месозад; аз рӯи таснифи зоологӣ як оилаи паррандаҳост. Дарозиаш 10—23 см, вазнаш 15—20 г. Болаш дарози камбар, пойҳояш кӯтоҳ. Тахтапушташ сиёҳча, баъзан кабудтоб, сабз ё арғуванй, шикамаш сафед. Фароштурукҳо дар Тоҷикистон аз ҳамвориҳо сар …
Муфассал »ФАРРУХ Бурҳон
ФАРРУХ Бурҳон (тахаллус; фамилия ва номаш Маҳкамов Бурҳон; таваллуд 10. 8. 1929, деҳаи Саримазори раёни Конибодом, вилояти Ленинобод), шоири советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1952. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). Муҳаррири редаксияи муттаҳидаи газетаи «Пионери Тоҷикистон» ва журнали «Машъал» (1957—62), мудири шӯъбаи адабиёти бадеии …
Муфассал »«ФАРОМУРЗНОМА»
«ФАРОМУРЗНОМА» манзумаи ҳамосиест дар ҳудуди 1500 байт, ки тақрибан охири асри 11—аввали асри 12 аз тарафи муаллифи номаълуме навишта шуда, достонеро аз қаҳрамониҳои Фаромурз — писари Рустам дар бар мегирад. Мазмуни мухтасараш ин аст: Рӯзе паҳлавонон Рустам, Гев, Гударз, Тус, Фарибурз ва дигарон дар дарбор нишаста буданд, ки аз назди …
Муфассал »ФАРОНАК
ФАРОНАК номи модари Фаридун аст. Мувофиқи ривоятҳо Фаронак (дар Авесто домаш ба шакли Френи омадааст) духтари хукмрони ҷазираи дарёи дурдасти Чин Таҳур будааст. Падари Фаридун — Отбин ё Обтин аз нажоди Таҳмурас ба дасти Заҳҳок кушта шуд. Фаронак бо ранҷу азоб писарашро аз чанголи Заҳҳок раҳонида, калон кард. Адабиёт: Абулкосими …
Муфассал »