САЙИД АБДУЛЛОҲ Сайидхокии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1690, Бухоро), шоири тоҷик. Мувофиқи ахбори Малеҳои Самарқандӣ Сайид Абдуллоҳ аз хурдсолӣ ба омӯзиши илму адаб камар баста будааст; баъдтар дар бозори Самарқанд бо ҷамъоварӣ ва фурӯши китоб машғул шудааст. Дар ибтидо «Сайидо» тахаллус мекардааст, вале баъди он, ки Сайидои Насафӣ низ бо …
Муфассал »Архивы за день : 27.04.2019
САЙИД
САЙИД (арабӣ —меҳтар, ҷаноб), 1) тахаллуси авлодӣ Муҳаммад; дертар одамони табақаҳои гуногуни иҷтимоб, қатъи назар аз он ки авлоди пайғамбар дастанд ё не, худро Сайид меномидагӣ шуданд; 2) дар асрҳои миёна, нав ва навтарин табақаи ҳукмрон, аз ҷумла амирони Бухоро. C. Ғоибов.
Муфассал »САЙËРАҲОИ ХУРД – астероидҳо
САЙËРАҲОИ ХУРД, астероидҳо, ҷирмҳои осмонтеро гӯянд, ки дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори эллипсшакл давр мезаганд. Мадори аксарияти (98%) Сайëраҳои хурд дар байни Миоррих ва Муштафӣ ҷой гирифтаанд. Астероиди нахустинро 1 январи соли 1801 Ҷ. Пиасси кашф кард, ки онро Серера номиданд. Пас аз як сол Г. Олберс астероиди навро …
Муфассал »САЙЁРИЯ
САЙЁРИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро номанд, ки пайравони он Абулаббоси Сайёриро пешвои маънавии худ мешумориданд. Бино ба маълумоти «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Чуллобии Ҳаҷвирӣ ба Абулаббоси Сайёрӣ аз падараш мероси зиёде мондааст, вале ӯ ба тасаввуф рӯ оварда, силсилаи худро таъсис намуд. Баъдтар дар Марву Нисо пайравони зиёде пайдо кард. Сайёрия «тафриқа» ва …
Муфассал »САЙЁРАҲОИ ДАРУНӢ
САЙЁРАҲОИ ДАРУНӢ, сайёраҳои гурӯҳи Замин, як гурӯҳ сайёраҳои ба Офтоб наздик (Аторуд, Зӯҳра, Замин ва Миррих)-ро гӯянд, ки аз рӯи хосиятҳои физикиашон ба ҳам монанданд.
Муфассал »САЙЁРАҲОИ БЕРУНӢ
САЙЁРАҲОИ БЕРУНӢ, сайёраҳои гурӯҳи Муштарӣ, як гу рӯҳ сайёраҳои системаи Офтобро гӯянд, ки берун аз мадори Миррих чарх мезананд (Муштарӣ, Зуҳал, Уpaн, Нептун, Плутон) аз рӯи як қатор хосиятҳои физикиашон ба ҳам монанданд.
Муфассал »САЙËРАҲОИ АЗИМ
САЙËРАҲОИ АЗИМ, сайёраҳои системаи Офтоб: Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептунро гӯянд, ки аз сайёраҳои гурӯҳи заминӣ (дохилӣ) бо андоза ва массаҳот азим, зичии нисбатан хурд, атмосфераи ғавс, гардишт шитобнок ва миқдори зиёди радифон фарқ мекунанд.
Муфассал »САЙËРАҲД
САЙËРАҲД ҷирмҳои калони осмониянд, ки дар атрофи Офтоб аз рӯи мадорҳои эллипсшакл ҳаракат карда, рӯшнони Офтобро инъикос намуда медурахшанд. Одамон аз қадимулайём мушоҳида карда буданд, ки дар байни ситораҳдои осмон ҷирмҳои мунире ҳастанд, ки аз як бурҷ то бурҷи дигар мавқеашонро иваз карда, гӯё сайр мекунанд (аз ин сабаб сайёра …
Муфассал »САЙЁДИ НАВО
САЙЁДИ НАВО, Саят Нова (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Арутюн Саядян; 1712, Тбилиси—4795, ҳамон ҷо), шоири армен. Аз оилал косив. Аз ҷаванӣ ба шеъру мусиқӣ рағбати зиёд зоҳир менамуд. Дар навохташ асбобҳои мусиқии шарқӣ ҳунарманд буд ва чун сафоянда шӯҳрат дошт. Чанде дар дарбори Ираклии 11 хидмат намуд, вале бо иғвои …
Муфассал »Димнаи САЙЁД
САЙЁД, димнаи шаҳри мансуб ба асрҳои 9—11, воқеӣ pайони Москваи вилояти Кӯлоб. Сайëд қад-қади дарёи Панҷ ба масофаи 500—800 м ва қад-қади баландии Ӯртабуз то 1,5 км тӯл кашидааст. Дар Сайëд бостоншиносони тоҷик аз соли 1970 ин ҷониб ҳафриёт мебаранд. Масоҳати умумии ҳафриёт 5000 м2 буда, ба чор қисм тақсим …
Муфассал »