Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙЁДИ НАВО

САЙЁДИ НАВО

САЙЁДИ НАВО, Саят Нова (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Арутюн Саядян; 1712, Тбилиси—4795, ҳамон ҷо), шоири армен. Аз оилал косив. Аз ҷаванӣ ба шеъру мусиқӣ рағбати зиёд зоҳир менамуд. Дар навохташ асбобҳои мусиқии шарқӣ ҳунарманд буд ва чун сафоянда шӯҳрат дошт. Чанде дар дарбори Ираклии 11 хидмат намуд, вале бо иғвои ҳосидон аз дарбор ранда шуд. Сайëди Наво баъди вафоти завҷааш соли 1768 дар маъбади Ахпат гӯшанишиниро ихтиёр кард. Ҳангоми ҳуҷуми ғоратгаронаи Оғо Муҳаммадхон (сарлашкари қӯшуни Эрон) Сайëди Наво ваҳшиёна кушта мешавад. Сайëди Наво забонҳои арманӣ, гурҷӣ, озарӣ, форсӣ ва арабиро медонист, аз таъриху маданияти ин халқҳо вуқуфи комил дошт. Осорашро ба се забон: арманӣ, гурҷӣ ва озарӣ эҷод кардааст. Ба форсӣ низ шеър гуфтааст. Дар шеъри ӯ ҳаёти вазнини халқҳои арман, озарӣ ва гурҷӣ ва орзуву омоли онҳо инъикос шудааст. Сайëди Наво дар сурудҳояш ҳиссиёту ҳаячони табақаҳои поёнии ҷамъиятро ифода намуда, чунон ки гуфтааст, як умр «хизматгори халқ» буд. Осори Сайëди Наво мазмуни иҷтимоӣ дошта, истибдоду иллати феодализмро фош кардааст. Бар хилофи таълимоти догматикии асримиёнагӣ Сайëди Наво дар эҷодиёташ ғояҳои гуманизм, оптимизм ва тараҳҳумро нисбат ба мардуми оддӣ талқин намудааст. Дар осори ӯ тасвири нобаробариҳои иҷтимоӣ, тавоноии хиради инсон, орзуву умеди халқ, сӯзу гудози ошиқон, садоқат, дӯстии халқҳо ва табиат мавқеи муҳим доранд. Хусусан ашъорӣ ошиқонаи Сайëди Наво хеле пуршӯру самимист. Сурудҳои ӯ дар байни халқ машҳуранд. Хушоҳангӣ, соддабаёнӣ аз хусусиятҳои ашъори Сайëди Наво мебошавд. Ӯ назми халқиро бо назми классикӣ моҳирона омезиш дода, дар мундариҷа ва шакл навовариҳо кардааст. Сайëди Наво дар пешрафта адабиёти арманӣ, гурҷӣ ва озарӣ саҳми бузург гузоштааст.
Эҷодиёти Сайëди Наво бо адабиёти форс- тоҷик ҳамоҳангӣ дорад. Дар осори ӯ таъсири эҷодиёти Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ба назар мерасад. Ашъори Сайëди Наво ба бисёр забонҳои халқҳои СССР ва чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Бисёр асарҳои Сайëди Наво ба тоҷткӣ тарҷума ва нашр гардидааст.
Ос.: Лирика, М., 1963.
А. Маҳмадаминов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …