ТАМҒАИ ҲАЙВОНОТИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, рақам ва аломатҳои шартиест, ки бо мақсади баҳисобгирии саршумор, фарқ кардани яке аз дигаре ва барои донистани он, ки ба кадом хоҷагӣ тааллуқ дорад, ба ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ мегузоранд. Ба ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ бо усулҳои зерин тамға гузошта мешавад: 1) Вашмгузорӣ ба гӯш. Бо ёрии анбӯри …
Муфассал »Архив Месяца: March 2019
ТАМҒА
ТАМҒА (— мӯҳр, нишона), 1) дар давраи муғулҳо (асри 13) нишони махсусе, ки аз ҳуқуқи чорво доштани шахсе шаҳодат медод. Баъдтар мӯҳр, ҳуҷҷати мӯҳршуда; 2) андози пулие, ки муғулҳо дар Осиёи Миёна, Закавказия, Шарқи Наздику Миёна ҷорӣ карда буданд. Истилоҳи тамға то солҳои 70-уми асри 16 маҳз ҳамин маъноро дошт. …
Муфассал »ТАМТАМ
ТАМТАМ, (калиман тақлиди овозии ҳиндӣ) сози зарбии мусиқист; навъи гонг. Аз мис сохта мешавад. Шаклан мудаввари андак барҷаста (қутраш 350—600 мм ва аз он бештар), онро дар чорчӯба ё пояҳо овехта, тавассути кӯбакҳои нӯгаш намадпӯш менавозанд. Асосан дар оркеотри симфонӣ истифода мешавад.
Муфассал »ТАМРИ ҲИНДӢ
ТАМРИ ҲИНДӢ субо, суббор, хурмои ҳиндӣ, анбала ҷинҷа, тамаринд (Таmarindus indica), дарахтест аз оилаи лӯбиёиҳо. То 40 м қад мекашад; баргаш пармонанд, гулаш зардтоб, ғилофакаш серобу сершира (30—40% қанд, витамини С., кислотаҳои органикӣ дорад), ширину андак нордон. Тамри ҳиндии худрӯй дар ноҳияҳои тропикии Африка ва Осиё мерӯяд (ҳатто Дагоар — …
Муфассал »ТАМР – феникс
ТАМР, тамро, финиқ, феникс (Рhоеnix), ҷинси растаниҳои дарахтмонандест аз оилаи нахлҳо. Танаашро боқимондаи думчаи барг пӯшондааст. Дар нӯги тана анбӯҳи баргҳои пармонанди калон ҷойгир аст. Гулаш якҷинса, тавассути шамол гардолуд мешавад. Мевааш донаки сахт дорад. Меваи баъзе навъҳои тамрро мехӯранд. Дар дунё зиёда аз 15 намуди тамр (ноҳияҳои тропикӣ ва …
Муфассал »ТАМОШОКАДУ
ТАМОШОКАДУ (Lagenaria), як навъ зироати полизист (аз оилаи кадуҳо). Палакаш хеле дароз мешавад. Тамошокаду гуногуншакл (мурудшакл, зуғӯташакл ва ғайра) аст. Дар бнсёр мамлакатҳои Осиё ва Африка аз тамошокаду зарфҳои гуногун, асбобҳои мусиқӣ (масалан, нақораи там-там), чилим, носдон ва ғайра месозанд. Ҳосили навраси тамошокадуро чун бодиринг мехӯранд. Пештар дар Осиёи Миёна …
Муфассал »“ТАМОМИ ҲОКИМИЯТ БА СОВЕТҲО”
“ТАМОМИ ҲОКИМИЯТ БА СОВЕТҲО”, шиори сиёсии партияи болшевикон дар давраи тайёр намудан ва ба амал баровардани Револютсияи Октябр. Дар Тезисҳои апрелии В. И. Ленин пешниҳод шуда буд. Дар апрел— июни 1917 бо роҳи осоишта ба Советҳо гузаштани ҳокимиятро пешбинӣ мекард. Баъди дар рӯзҳои июли (1917 ба Ҳукумати муваққатӣ тобеъ шудани …
Муфассал »ТАМҒОЧӢ
ТАМҒОЧӢ боҷгирандагоне, ки то Револютсияи Октябр дар дарвозаи шаҳр истода, аз молҳои ворида боҷ мегирифтанд.
Муфассал »«ТАМҲИДОТ»
«ТАМҲИДОТ» асари Айнулқузоти Ҳамадонист, ки соли 1128 ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Тамҳидот» аз 10 фасл иборат буда, масъалаҳои мухталифи фалсафӣ ва ирфониро дар бар мегирад. Асар дар бораи назарияи маърифат, валифаҳои солик барои дарёфти ҳақиқат. моҳияти аҳкоми дин, тариқат ва ғайра баҳс мекунад. Айнулқузот дар «Тамҳидот» дӯзаху биҳиштро тасаввуроти …
Муфассал »ТАМУЗ
ТАМУЗ моҳи даҳуми сурёнист, ки ба моҳи саратон ё июл рост меояд.
Муфассал »