Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАМҲИДОТ»

«ТАМҲИДОТ»

«ТАМҲИДОТ» асари Айнулқузоти Ҳамадонист, ки соли 1128 ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Тамҳидот» аз 10 фасл иборат буда, масъалаҳои мухталифи фалсафӣ ва ирфониро дар бар мегирад. Асар дар бораи назарияи маърифат, валифаҳои солик барои дарёфти ҳақиқат. моҳияти аҳкоми дин, тариқат ва ғайра баҳс мекунад.
Айнулқузот дар «Тамҳидот» дӯзаху биҳиштро тасаввуроти ғайривоқеӣ дониста нигоштааст, ки онро барои фиреби нодонӣ бофта баровардаанд.
У хусусан ҷазои ҷисмониро, ки ҳомиёни дини ислом ҳамеша талқин менамуданд, беҳуда мешуморад ва онро бо суханони зерини Ибни Сино рад мекунад: «… анбиё оммаи мардумро ба мужда ва савоб ва инзор ва оқибат ё ташвиқ ва таҳдид умедвор кардаанд. Аз тарафи дигар гунаҳкоронро бар хилофи ваъдаҳои лазаатбахш ба оташи ҷаҳаннам ва мор ва занҷир ва замҳарир таҳдид кардаанд… Ба назари ман ки шарҳ барои рад бар назари онон, ки ба маъоди ҷисмонӣ ё… рӯҳонӣ қоиланд, кофӣ мебошад». Дигар аз масъалаҳои муҳиме, ки «Тамҳидот» дар бар мегирад, ҳақиқат ва ҳолати ишқи ирфонист. Айнулқузот дар асари пардаи ишқи илоҳӣ фарзу суннатҳои исломи рошидинро як сӯ гузошта, зинаҳои маърифати зеҳниро роҳи ягонаи ҳусули мақсад — як шудан ба мабдаъ мешуморад. Бинобар ин, ӯ на намозу рӯза, балки ишқи ирфониро фарзи асосӣ мешуморад. Ин назария асоси илмӣ надошта бошад ҳам, моҳиятан ба муқобили афкору аҳкоми дини ислом нигаронида шуда буд ва барои ба вуҷуд омадани назарияи маърифати ирфонӣ, хусусан равшан намудани масъалаҳои кашфу шуҳуд дар асрҳои миёна заминаи муҳиме ба шумор мерафт.
Адабиёт:
И. Умаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …