ТУДАИ КАЛОН, Қизилтеппа, қасабаи деҳқонони муқимӣ дар шимолу ғарбии шаҳри Фарғона, дар соҳили рости дарёи Сир, 10 км ҷанубтари деҳаи Ашти вилояти Ленинобод, мансуб ба асрҳои 3—8. Аз соли 1959 ходимони сектори археологияи Институти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон чанд сол ҳафриёт гузарониданд. Тудаи Калон теппаи шаклан нимдоираест (баландиаш 10 …
Муфассал »Архивы за день : 29.03.2019
Деҳаи ТУГАРАК
ТУГАРАК, деҳа, маркази совети қишлоқи Тугараки раёни Восеъ, вилояти Кӯлоб. Ҳудуди колхози ба номи Н. Д. Томин. Аз деҳа то маркази район 2 км, Аҳолиаш 2780 нафар (1986). Деҳа мактабҳои миёна, ҳаштсола, 2 китобхона, хонаи маданият, амбулатория, клуб, дорухона, санаторияи бачагона, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, 2 магазин, нонвойхона, сехҳои дузандагӣ, …
Муфассал »ТӮББОЗИИ ДАСТӢ – гандбол
ТӮББОЗИИ ДАСТӢ, гандбол, бозии спортии командавист, ки иштирокчиёни он тӯбро ба тарафи шарикони худ бо даст ҳаво медиҳанд. Мақсади бозӣ аз масофаи 6 м ба дарвозаи ҳариф задани тӯб аст. Майдони бозӣ 40×20 м, дарвозааш ЗХ 2 м, ҳар команда (мардона ё занона) аз 7 ё 11 кас иборат аст. …
Муфассал »ТЮРИНГИТ
ТЮРИНГИТ, як навъ минерали сабзтоб («аз гурӯҳи лептохлоритҳо) (Ғе2+, Ғе3+)з [АI2Si2O10] (ОН)2 · (Мg, Ғе)3(ОН)6. Сахтиаш 2—2,5; зичиаш 3,15—3,20 г/см3. Асосан дар конҳои таҳшинии маъдани оҳан вомехӯрад. Конҳои калони Тюрингит дар Тюрингия (РДГ) ва колхозҳои Қурамаи Тоҷикистон мавҷуданд.
Муфассал »Вилояти ТЮМЕН
ТЮМЕН, вилоятест дар ҳайати РСФСР. Таъсисаш 14 августи 1944. Масоҳаташ 1435,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 2425 ҳазор нафар (1984); аҳолии шаҳрӣ 70%. Ба ҳайати вилоят округҳои автономии хантию мансиҳо ва ненесҳои Ямал, 37 район ва 16 шаҳр дохиланд. Дар ҳамвории Сибири Ғарбӣ воқеъ гаштааст. Ҳарорати миёнаи январ аз —17 то —29°С, …
Муфассал »Шаҳри ТЮМЕН
ТЮМЕН, Шаҳр, маркази вилояти Тюмени РСФСР. Бандар дар дарёи Тура, стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 411 ҳазор нафар (1984). Саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, таҳвили чӯб, химия ривоҷ ёфтааст. Аз Тюмен қубурҳои нефт мегузаранд. 5 донишкадаи олӣ, театр, сирк ва ғайра дорад. Тюмен соли 1586 дар ҷои шаҳри Чингитура ба вуҷуд омад; …
Муфассал »ТЮЛЕН
ТЮЛЕН, тюленҳо, як навъ ҳайвони ширхори обиро (аз белпойҳо) гӯянд. Тюленҳо ду оилаанд: аслӣ (тюленҳон гренланди, холдор, харгӯши баҳрӣ, ларга ва ғайра) ва гӯшдор (гурбаи баҳрӣ, шери баҳрӣ). Тюленҳо аҳамияти калон (гӯшт, равған, пӯст) доранд.
Муфассал »ТЭТА-ФУНКЦИЯ
ТЭТА-ФУНКЦИЯ, функсияҳои бутунро гӯянд, ки нисбаташон функсияҳои эллипсиро мемонад.
Муфассал »Газетаи «ТУҶҶОР»
«ТУҶҶОР», газетаи ҳафтаинаест, ки аз августи 1907 то июни 1908 дар Тошканд ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (36 шумора) баромадааст. Муҳаррир ва ношири он Саидкарим Саидазимбоӣ буд, «Туҷҷор» нашри афкори буржуазияи миллии навташкил буда, сиёсати ҳукуматро дастгирӣ мекард. Аксари мақолаҳои «Туҷҷор» хусусияти реакционӣ дошт. И. Усмонов.
Муфассал »ТЫЧИНА Павло
ТЫЧИНА Павло (Павел Григорьевич; 27. 1. 1891, деҳаи Пески вилояти Чернигов —16. 9. 1937, Киев), шоири советии украин, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академики Академияи Фанҳои РССУ (1929), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967). Аъзои КПСС аз соли 1944. Институти савдои Киевро хатм намудааст (1917). Асарҳояш аз соли 1912 нашр мешаванд. Вассофи революцияи …
Муфассал »