Маълумоти охирин
Главная / 2018 (страница 6)

Архивы за год: 2018

ШИРХУРҲО

shirxurho

ШИРХУРҲО, ширмакҳо, (Mammalia), як синфи ҷонварони муҳрадорро гуянд. Ш. ҳайвоноти зиндазой буда, бачаашонро бо шир парвариш мекунанд. Дар рӯи замин, теппаи дарахт, хок, об ва ҳаво зиидагӣ мекунанд. Дарозиашон аз 3,8 см то 30 м ва зиёда аз он; вазнашон аз 1,5 г то 150 т.  Аҷдоди қадимаи Ш. хазандаҳои …

Муфассал »

ШИРРАВҒАН

shirchoy

ШИРРАВҒАН, ширрӯған, як навъ хуроки миллист. Ш.-ро дар дег ҷушонда баъд мувофиқи табъ ба он равғани маска ё зард андохта, нон реза карда мехуранд. Ш.-ро баъзан ҳамчун хуроки парҳезӣ мехуранд. Дар ноҳияҳои болооби Зарафшон Ш. ро дар туйи арусӣ дар таги чодар аввал арусу домод, баъд ҳозирон ба ҷои шарбат …

Муфассал »

ШИРПОЛО

shirpolo

ШИРПОЛО, полояк, асбоби чанбардорест, ки дар он ширро полоянд, як навъ филтрест (ниг. Филтр),барои тоза кардани шир аз омехтаҳои механикӣ. Қисми асосии кории Ш.элементи софкорист, ки дар роҳи ғулбаҳои ширгузар ҷой гирифтааст. Элементи софкорӣ аз филтри фланелин ивазшавандае, ки он дар ҷилди турин ҷойгир шудааст иборат мебошад. Шир зери фишор …

Муфассал »

Зардолуи ШИРПАЙВАНД

subhoni-zardolu

ШИРПАЙВАНД, навъи зардолуи маҳаллиро гуянд. Бештар дар боғҳои Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва вил. Фарғонаи РСС Узб. меруяд. Дарахташ тезсабз, хамидашох, соли 2 —3-юм ҳосил мебандад. Мевааш калони байзашакл (вазни як донааш 50—55 г), ҳангоми пухтан сафед, болояш андак сурхтоб мешавад, пусташ тунук. Ба зардолуи навъи моҳтобӣ монанд аст. Миёнадҳои моҳи …

Муфассал »

Ангури ШИРОБАК

angur

ШИРОБАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш нисбатан тезсабз. Баргаш 5-парра (баъзан 3-парра), хушааш андаряк 250—300 г, донааш мудаввар, сабз ё сабзи зардтоб, сероб (қандаш 20,8%), пусташ нисбатан ғафс (2—4-то тухм дорад). Даври нашваш 140— 145 рӯз. Аз ҳар га токзори Ш.то 120 ц ҳосил меғундоранд. Барои тархурӣ ва майкашӣ истифода …

Муфассал »

ШИРМОҲӢ

shirmohi

ШИРМОҲӢ (Schirotorax), як навъ моҳии маъмул, аз руи таснифи илми ҷинси моҳиест, аз оилаи гулмоҳиҳо. Баданаш бо пулакчаҳои хурд пушида шудааст. Дарозиаш то 1 м, вазнаш то 12 кг. Шикампардаи сиёҳ ва ду ҷуфт муйлабча дорад. Дар Тоҷикистон дар ҳавзаи д-ҳои Зарафшон, Сир, Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Қизилсу зиндагӣ мекунад. Дар …

Муфассал »

ШИРМОЛ

non

ШИРМОЛ, як навь нон, ки аз қадим дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Хамири Ш.-ро аз орди гандум, нахуди куфта тайёр мекунанд. Ба ин хамир (хамири Ш. бояд сахт бошад), андак шакар, зира, равғани гусфанд ҳамроҳ менамоянд. Дар баъзе маҳалҳои Ленинобод ба хамири Ш. барои хушхур шуданаш …

Муфассал »

Дарёи ШИРКЕНТ

shirkent-river

ШИРКЕНТ, Шеркент, дарьёест дар р-ни Турсунзодаи PСС Тоҷикистон., шохоби рости д. Қаратоғ (ҳавзаи Сурхондарьё). Болооби Ш. Сандалдарьё ном дорад. Тули Ш. 54 км, масоҳ. ҳавзааш 330 км2. Ҳавзаи дарьё дар нишебии ҷануби қ-куҳи Ҳисор воқеъ гаштааст. Манбааш барфу пирях. Дарьё тобистон пуроб (то 118 м3/ сон) ва зимистон камоб (2,5—3 …

Муфассал »