Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January / 15 (страница 2)

Архивы за день : 15.01.2018

МУФТХӮРӢ

mufthuri

МУФТХӮРӢ, сифати манфии ахлоқ буда, аз ҳисоби дигарон зиндагӣ ба cap бурдан ва нафрату беэътиноӣ нисбат ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ доштанро ифода мекунад. Муфтхӯрӣ ҳодисаи иҷтимоӣ буда, асоси онро мавҷудияти моликияти хусусӣ ва синфҳои истисморгар ташкил медиҳанд. Дар олами сармоя ақаллият боигарии ҷамъиятиро дар дасти худ нигоҳ дошта, бо роҳи …

Муфассал »

МУФТИИ БУХОРОӢ

person

МУФТИИ БУХОРОӢ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил (810, Бухоро — 870, наздикии Самарқанд), фақеҳ ва илоҳиётшиноси тоҷик, аввалин ҷомеъ ва танзимкунандаи ҳадисҳо, мусаннифи маҷмӯаи «Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ* («Ас-саҳеҳ»). Дар ҷавониаш ба Макка сафар карда, ба ҷамъоварии ҳадисҳо машғул шуд, баъд бо мақсади ҷамъ овардани ҳадисҳо ба мамлакатҳои араб, Эрон ва Осиёи Миёна сафар …

Муфассал »

МУФТА

mufta

МУФТА (аз немисӣ Mulfe; голландӣ mou-wtje), дар техника, ҷиҳозест барои пайванди Муваққатӣ ё доимии наварду ғулба, симтанобу кабелҳо ва ғайра. Муфтаҳои пайвандкунанда вобаста ба вазифаашон пайвандро мустаҳкам, гермет ва онро аз коррозия ҳифз мекунанд. Масалан, Муфтаи кабел, Муфтаи пайванди ғулбаҳо. Муфтаҳои ҳарактовари мошину механизмҳо ҳаракати чархзанӣ ва моменти чархзаниро аз …

Муфассал »

МУФРАДОТ

mufradot

МУФРАДОТ, дар тибби қадими тоҷик ҳавоҳоеро номанд, ки аз як модда иборатанд. Муфрадот наботӣ, ҳайвониӣ ва ҷамодӣ мешавад. Муфрадоти н а б о т ӣ аз гул, барг, поя, реша, пӯстлох, самар, равған, шира ва шилми растаниҳо тайёр карда мешавад. Macалан, аз чормағз, тут, бед, зардолу, анҷир, газ, бобуна, бӯймодарон, …

Муфассал »

МУФРАДОТ

mufradot

МУФРАДОТ (арабӣ – ҷамъи— якка, танҳо), усули таълими хат дар мактабҳои тореволютсионӣ. Муфрадот—навишти алоҳидаи ҳуруфоти арабӣ, махсусан настаълиқ ва насх дар вақти машқ. Аз рӯи қоидаи махсус ҳарфҳоро бо нуқта чоп мекунанд. Ҳар ҳарф сиёҳмашқ дорад. Ҳарфҳоро ба рӯи коғаз навишта, баъд сиёҳ мекунанд. Мувофиқан ба таълими хатти настаълиқ (расмулхат) …

Муфассал »

МУФОРИҚОТ

ibn-sino

МУФОРИҚОТ, муфорақот (арабӣ ҷамъи cJjli» — ҷудоӣ аз ҳамдигар), дар фалсафаи асримиёнагии Шарқ ҷавоҳири ақлӣ ва нафсиро гӯянд, ки аз модда ҷудо буда, дараҷаҳои гуногун дорад. Моҳияти ашё, ки дарёфтаи ақл аст, ба Муфориқот дохил мешавад. Нафси нотиқаи инсониро Муфориқоти сифлия ва ақлҳои фалакиро Муфориқоти улвия гуфтаанд. Лафзҳои куллиро низ …

Муфассал »

МУФЛОН

mufflon

МУФЛОН (франсавӣ mouflon, италявӣ muflone), гӯсфанди ваҳшӣ (Ovis orientalis), ҳайвони ҷуфтсуми ваҳшист аз ҷинси гӯсфанд. Муфлон миёнҷусса, дарозиаш то 115 сантиметр, баландиаш то 83 сантиметр, пойҳои дароз, шохи нисбатан сабуки камоншакл (дарозии шохи Муфлони нар то 75 сантиметр) дорад. Муфлони мода одатан бешох аст. Вазни Муфлони нар 50—70 килограмм ва …

Муфассал »

МУФИДИ БАЛХӢ

person

МУФИДИ БАЛХӢ  (соли таваллуд номаълум — вафот 1680/81, Мултон), шоири тоҷик. Давраи кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар Балх гузаштааст. Пас аз хатми таҳсили расмӣ ба Самарқанд омада, муддати зиёде дар ин шаҳр истиқомат кардааст. Вале аз давлатмандони Самарқанд зиддият, хусумату адоват дида, дар ҳаққи онҳо ҳаҷвияҳо навишта боз ба Балх …

Муфассал »

МУТТАСИЛӢ ВА МУНФАСИЛӢ

materializm

МУТТАСИЛӢ ВА МУНФАСИЛӢ (аз арабӣ муттасил ва-ҷудошуда), категорияҳои фалсафианд, ки сохти материя ва рафти инкишофи онро тавсиф мекунанд. Муттасилӣ дар ягонагӣ, алоқамандӣ ва вобастагии мутақобили унсурҳои ин ё он система зоҳир мешавад. Дар ҷараёни инкишоф муттасилӣ имконияти аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани объектро нишон медиҳад. Мунфасилӣ сохт ва …

Муфассал »

МУТТАСИЛ

mutasil

МУТТАСИЛ (арабӣ— иттисолёфта, васлшуда, пайваст), 1) овозҳои мусиқии паи ҳам омада ва ба ҳам пайвандшударо Муттасил меноманд. Дар но-таи мусиқии ҳозиразамон ин гуна овозҳо бо ибораи «лига* ё худ аломати «1- – — *» ифода мешаванд. 2) Ду овоэи дар як вақт садодиҳанда. А. Низомов.

Муфассал »