БОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб (950, Басра – 1013, Бағдод), мутакаллим ва фақеҳи маъруфи араб, намояидаи ашъария. Илмҳои замонашро дар зодгохаш омӯхта, ба мазҳаби ашъария гароид ва яке аз доиёну мубаллиғони таълимоти ин ҷараён гардид. Азудуддавла ӯро барои баҳсу мунозирахои илмию шаръӣ бо аҳли эътизол ба Шероз даъват кард. Боқилонӣ …
Муфассал »Архивы за день : 16.12.2017
БОҚИЛО
БОҚИЛО (Vicia faba ё Faba vulgaris), боқало, боқлӣ, як навъ зироати лубиёӣ. Тиррешаи дароз (то 200 см) дорад. Пояаш рост (150-200 см), дарунхолӣ. Баргаш паршакли ҷуфт. Хушагулаш сергул; гулаш сафед, гулобӣ, дар канорҳояш доғҳои сиёҳ дорад. Мевааш ғилофаки 4- 6-тухма (дарозиаш 4-10 см; вазни 1000 дона тухмаш 300-800 г). Боқило …
Муфассал »БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ
БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ оҳангсоз, ҳофиз, навозанда, мусиқидон, шоир ва табиби тоҷик (нимаи дуюми асри 16 – аввали асри 17). Зодгоҳаш Самарқанд. Асосҳои назариявию амалии илми мусиқӣ ва дигар илмҳои замонашро аз падараш, ки табибу донишманди машҳур буду табъи шоирӣ низ дошт, омӯхтааст. Баъдтар ба Бухоро рафта, назди Кавкабии Бухороӣ шогирдӣ …
Муфассал »БОҚИИ ХУМДОНАКӢ
БОҚИИ ХУМДОНАКӢ шоири тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Мутрибӣ Боқии Хумдонакӣ шоири бомаҳорату хуштабъ будааст. Мутрибӣ инчунин аз соҳибдевон буданаш итгилоъ додааст. Абёти зерин намунае аз ашъори Боқии Хумдонакӣ мебошанд: Набарад меҳри ту аз синаи ман моҳи касе, Ҷаҳд кун, то набувад …
Муфассал »БОҚИИ РУДӢ
БОҚИИ РУДӢ (соли таваллуд номаълум, Бухоро – 1560, Ҳирот), оҳангсоз, сароянда, мусиқидон ва шоири тоҷик. Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш омӯхта, барои такмили донишу ҳунар ба Самарқанду Марв ва Ҳирот сафар кардааст. Аз ҷавонӣ ба фарогирии навохтани созҳои мусиқӣ, бахусус руд, қонун, барбат (уд), танбӯр ва зарбгарӣ (дафу доира) …
Муфассал »БОҚИИ МОВАРОУННАҲРӢ
БОҚИИ МОВАРОУННАҲРӢ шоири тоҷик (асри 16). Ҷузъиёти шарҳи ҳолаш дар тазкираҳо наомадааст. Дар тазкираи «Арафоту-л-ошиқин»-и Тақиуддини Авҳадӣ рубоии зерин ба ӯ нисбат дода шудааст: Себи зақанат, ки дода дилҳо ба ҷунун, Ҳолест бар он, ки мебарад дил ба фусун. Не-не, ғалатам ба ғояти лутфу сафо, Себест, ки донааш намояд зи …
Муфассал »БОҚИИ КӮЛОБӢ
БОҚИИ КӮЛОБӢ Ҳаётҷон (фавт 1579, Ҳиндустон), шоири тоҷик. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо Боқии Кӯлобӣ дар минтақаи Кӯлоби сарзамини Мовароуннаҳр (ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба таҳсил пардохтааст ва илму донишҳои маъмулии он айёмро фаро гирифтааст. Кай ва ба кадом сабаб ба Ҳиндустон рафтани Боқии Кӯлобӣ маълум нест. …
Муфассал »БОҚИИ КОШОНӢ
БОҚИИ КОШОНӢ шоири эронӣ (асри 17). Дар бораи ин шоир тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ дар асараш «Музаккиру-л-асҳоб» маълумоти ҷолибе оварда, ӯро чун шоири хушбаёну хуштакаллум ёд кардааст. Мегӯяд, ки: «Алҳақ ибораташ ҷонӣ буд, дар латофат ёқути рангин менамуд. Дар тароват алфози дилфиреби ӯ бар маонӣ шухиангезтар аз хандаи шакарлабон, мазмунҳои бикри …
Муфассал »БОҚИИ КОСОНӢ
БОҚИИ КОСОНӢ шоири тоник (асри 16). Аз аҳли хонадони яке аз ашхоси бонуфузи Косон будааст. Маълумоти ибтидоиро дар хонавода гирифта, баъдан дар Мадраса илмҳои расмии даврро омӯхт ва дар байни аҳли адабу фазли он давра бо донишу фазилати худ шуҳрат ёфт. Аз Боқии Косонӣ қасидаҳо, ғазалҳо ва абёти пароканда ба …
Муфассал »БОҚИИ КАФФОШ
БОҚИИ КАФФОШ шоири тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод кардааст. Дар манбаъҳои адабӣ чун шоири маъруф, дорои табъи баланд ёд шудааст. Забони шеъраш равону шевост. Намунае аз ашъори ӯ: Сабо зи кӯи ту, ҷоно, ба расми сайр гузашт, Зи рашк ҷон ба лаб омад маро, ки ғайр …
Муфассал »