Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 6)

Архив Месяца: October 2017

Петров Вячеслав Фёдорович

Петров Вячеслав Фёдорович (26. 9. 1889, Тошкент—6. 3. 1969, Душан­бе), астрономи советӣ, Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1947), аъзо-корр. АФ РСС Тоҷикистон. (1951), Агрономи  Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1952). Аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1911 Институти хоҷагии қишлоқи Москва (ҳоло Академияи хоҷагии қишлоқи ба коми К. А. Тимирязев)-ро хатм карда, солҳои …

Муфассал »

Петров Борис Николаевич

petrov-boris-nikolaevich

Петров Борис Николаевич (11. 3. 1913, Смоленск — 23. 8. 1980, Москва), олими советӣ дар соҳаи идораи автоматӣ, акад. АФ СССР (1900; аъзо-корр. 1953), ноиб – президенти АФ СССР (1979), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Пас аз хатми Институти энергетикии Москва (1939) дар Институти проблемаҳои идоракунии АФ СССР (солҳои 1940—1946 ходими …

Муфассал »

Перташевчиён

petrashevchiyon

Перташевчиён, ҷ а м ъ и я т и петрашевчиён, кружоки петрашевчиён, иштирокчиёни кружоки сиёсии М. В. Петрашевский. ки солҳои 1845—1849 дар Петербург вуҷуд дошт. Мақсади Петрашевчиён мубориза бар зидди мутлақият ва крепостнойчигӣ буд. В. И. Ленин навишта буд, ки пайдоиши интеллигенсияи сотсиалистӣ «аз кружоки петрашевчиён» оғоз меёбад (Ас., ч. …

Муфассал »

Петрашевский Михаил Василевич

petrashevskiy-mixail-vasilevich

Петрашевский (Буташевич- Петрашевский) Михаил Васильевич (13. И. 1821, Петербург-19. 12. 1866 деҳаи Белское, ҳоло кишвари Красно­ярск), револютсионери рус. Аз оилаи дворянин, факултетити ҳуқуқшиносии Университе­ти Петербургро (1841) хатм намудааст. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ тирҷумон буд. Муҳаррир ва муаллифи аксари мақолаҳои назариявии Луғати кисагии калимаҳои хориҷӣ (1846) буд, ки дар он ғояҳои …

Муфассал »

Петрарка Франческо

petrarka-franchesko

Петрарка (Реtrarса) Франческо (20. 7. 1304, Арессо —19. 7. 1374, Ар­куа, назди Падуя), шоири италиявӣ. Аз оилаи нотариус. Дар Унститутҳои Монпеле (1316), Болоня (1320) илми ҳуқуқро омӯхтааст. Петрарка саромади маданияти гуманистии давраи Эҳё бошад ҳам, эҷодиёташ аз таъсири майлу равияҳо, принсипҳои ахлоқии асримиёнагӣ орӣ нест. Инсон ва майли ӯ ба …

Муфассал »

Перлюрачиги

Перлюрачиги, ҳаракати миллатчигии буржуазӣ дар Украина дар давраи Ҷанги гражданй (1918— 1920); аз номи яке аз саркардагони он С. В. Петлюра гирифта шудааст. Асоси иҷтимоии Перлюрачигиро кулакҳои украин, буржуазияи маҳаллӣ ва зиёиёни буржуазии дорои рӯҳияи миллатчигӣ ташкил мекарданд. Илҳомбахш ва такягоҳи сиёсии Петлюрачиги партияҳои буржуазӣ ва майдабуржуазии миллатчигии Украина—Партияи сотсиал-демократии …

Муфассал »

Петкел Владимир Викторович

Петкел Владимир Викторович (таваллудаш 19. 7. 1930 шаҳри Гатчина, вилояти Ленинград), ходими давлатии советӣ, Корманди фахрии органҳои бехатарии давлатӣ (1973), генерал-майор (1985). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1953. Институти дав­латии педагогии Карелияро хатм намудааст (1957). Фаъолияти меҳнатии Петит аз соли 1951, баъди хатми Омӯзишгоҳи дарёнавардии Ленинград чун ёрдамчии …

Муфассал »

Петит

Петит (франс. реtit —хурд), но­ми ҳар он ҳарфи матбаа, ки андозааш 8 пункт (тақрибан 3 мм) аст. Петит дар чопи матни асосии бисёр нашрияҳо (маълумотномаҳо, журналҳо, китобчаҳои раҳнамо) истифода мешавад. Дар нашрияҳои ҳарфҳояшон калонтар онро барои шарҳи ягон чиз, эзоҳи саҳифаҳо ва ғайра ба кор мебаранд.

Муфассал »

Петефи Шандор

petefi-shandor

Петефи Шандор (1. 1. 1823, Кишкёрёш — 31. 7. 1849, Фехередхаза), шоир ва демократи револютсионин венгер. Аз оилан тоҷир. Соли 1839 ба хизмати ҳарбӣ дохил шуд. Ба сабаби беморӣ соли 1841 аз хизмат озод гардида, актёри сайёҳ шуд; бо тарҷума ва китобат таъмини маишат менамуд. Шеъри аввалинаш соли 1842 ва …

Муфассал »