Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 30)

Архив Месяца: October 2017

Пастеризатсияи шир

pasterizatsiyayi-shir

Пастеризатсияи шир, то 63— 97°Селсия гарм кардани шир бо мақсади маҳви микроорганизмҳо (аз ҷумла микробҳои касалиовар) ва таҷзияи ферментҳое, ки гандидани ширро метезонанд. Вобаста ба ҳарорат ва вақти таъсир ба шир Пастеризатсияи шир д арозмуддат (ширро то 63—65*0 гарм карда, 30 дақиқа нигоҳ медоранд), кӯтоҳмуддат (то 72—76°Селсия гарм карда, 20—26 …

Муфассал »

Пастеризатсия

pasterizatsiya

Пастеризатсия (аз номи олими франсавӣ Л. Пастер), консервонии маҳсулоти хурданӣ дар пастеризаторҳо бо роҳи тафсонидан то 100°Селсия. Ҳангоми Пастеризатсияи маҳсулоти хурданӣ бакгерияҳои беспора, хамира ва зан- бӯруғҳои мағорӣ ҳалок гардида, ферментҳо низ вайрон мешаванд. Ҳангоми Пастеризатсияи  қ и с м-қ и с м бактерияҳои спорадор низ ҳалок мешаванд. Пастеризатсияро инчунин …

Муфассал »

Пастереллёз

Пастереллёз, септисемияи геморрагӣ, касалии сироятии ҳайвонот ва одам, ки бо септисемия ва илтиҳоби пардаи луобии роҳи нафас ва рудаҳо, инчунин варами шуш ва ғайра зоҳир мешавад. Бактерияҳо (пастереллаҳо) меангезанд. Манбаи ангезандаи Пастереллёз— ҳайвоноти касал. Ҳарорати ҳайвони касал баланд, камиштиҳо, набзу нафасгириаш тез ме­шавад; ҳангоми осеби сахти узвҳои нафас аз бинӣ …

Муфассал »

Пастереллаҳо

pasterallaho

Пастереллаҳо (ба шарафи Л. Пастер номида шудаанд), як ҷинси бактерияҳои иллатангезро гӯянд, ки барангезандаи амрози си­роятии одам ва ҳайвонот мебошанд, масалан. пастереллёз; анаэробҳо (ба­рои сабзиши онҳо оксиген лозим нест), чӯбчашаклу беҳаракатанд. Ҳарорати оптималии сабзиши Пастереллаҳо 37°С аст. Pasterelle pestis барангезандан тоуни одам ва баъзе хояндаҳо мебошад.

Муфассал »

Пастер Луи

paster-lui

Пастер (Pasteur) Луи (27. 12. 1822, Дол Юра —28. 9. 1895, Виль-нёв-л’Этан, назди Париж), микро­биолог ва химики франсавӣ, асосгузори микробиоло­гия ва иммунологияи ҳозира. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (1862) ва академияи тиб- бии Франсия (1873), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петер­бург (1893). Мак­таби олии нормалиро хатм кардааст (1847). Профессори Университетҳои Страс­бург (аз …

Муфассал »

Пастел

pastel

Пастел (италявӣ Pasta — хамир), расме, ки бо қаламҳои мулоиму ран­гаи луч (беғилоф) кашидаанд. Пастел аз омехтаи пигментҳои суда бо шилм, шир, баъзан бӯр, гаҷ, сафедии пӯкка тайёр мешавад. Чунин расмҳоро дар коғазҳои шахшӯли муқаррарию ранга, картон, лавҳаи карбосӣ ва ғайра бо қалами Пастел мекашанд. Бо раҳҳо иҷро шудани амал …

Муфассал »

Пастбаҷув

pastbajuv

Пастбаҷув, деҳаест дар Совети қишлоқи Пастхуф, pайони Рушони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Рушон». Аз Пастбаҷув то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 22 километр; роҳ ас- фалтпӯш. Аҳолиаш 270 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, клуб, китобхона, шуъбаи алоқа, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаи асо­сии хоҷагӣ …

Муфассал »

Пастарик

pastarik

Пастарик, деҳаест дар Совети посёлкаи Куйбишеви pайони Коммунистӣ, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи Совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев. Аз Пастариқ то маркази Совети посёлка 10 километр, то район 15 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар. (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахта ва ғаллакорист. Заминҳо …

Муфассал »

Пастарёз

Пастарёз, деҳаест дар Совети кишлоқи Роштқалъаи pайони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Сулҳ». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 44 километр. Аҳолиаш 243 нафар. (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асо­сии хоҷагӣ ғаллаю картошкакорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз дарёи Шохдара обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Пастакон

Пастакон, посёлкаи типи шаҳрист (аз 27. 10. 1967), тобеи шаҳри Но- раки Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Аз Пастакон  то Норак 34 километр; то стансияҳои роҳи оҳан Янгибозор — 73 километр, Душанбе—195 километр. Аҳолиаш 1260 нафар (1981), асосан тоҷикон. Пастакон мактаби 8- сола, китобхона, кинотеатр, хонаи маданият, устохонаи либосдузӣ, 2 магазин …

Муфассал »