Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 15)

Архив Месяца: October 2017

Пемфигус

pemfigus

Пемфигус (аз юн. реmphigos — қатра, ҳубоб), як гурғҳ бемориҳои табиаташон гуногунеро гӯянд, ки ҳангоми он дар пӯст ва луобпардаи даҳон ҳубобчаҳхо пайдо мешаванд.

Муфассал »

Пемба

pemba

Пемба (Реmbа), ҷазираи марҷониест дар уқёнуси Ҳинд, дар самти шарқии Африка. Пембаро аз материк гул. Пемба ҷудо мекунад. Масоҳаташ 984 км2. Аҳолиаш 164,2 ҳазор нафар (1967). Ба ҳайати Танзания дохил мешавад. Баландиаш то 99 м. Иқлимаш муссонии экваторӣ. Боришоти солона то 1000 мм. Дар Пемба қаранфул, нахли норҷил парвариш мекунанд. …

Муфассал »

Пелим

pelim

Пелим, Пелими Калон, дарёест дар вилояти Свердлови РСФСР, шохоби чапи дарёи Та в да (ҳавзаи Обь). Тӯлаш 707 км, масоҳати ҳавзааш 15200 км2. Аз нишебии шарқии Урали Шимолӣ ибтидо ёфта, аввал аз доманаи каторкӯҳҳои Урал, баъд аз ҳамвории Сибири Ғарбӣ ва дар поёнобаш аз кули Пелимский Ту­ман ҷорӣ мешавад. Манбааш …

Муфассал »

Пелше Арвид Янович

pelshe-arvid-yanovich

Пелше Арвид Янович (7. 2. 1899. работи Мазайс, волости Грюнвалд, ҳозира райони Бауски РСС Лат.—29.5, 1983, Москва), хо­дими партиявӣ ва давлатии советӣ, муаррих, аъзо- корр. АФ РСС Лат. (1946), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969,1979). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1915. Аз соли 1914 коргари Рига. Ба ташкилоти …

Муфассал »

Пелотерапия

peloterapiya

Пелотерапия (аз юн. реlos — гил, лой ва терапия), муолиҷа бо л о й, усули бо лойқа ва моддаҳои лойқамонанд (парафин, озокерит ва ғайра) табобат кардани беморӣ. Ба ин мақсад лойқаҳои минерализонидаи обанборҳо (лойқаи сулфиддор), лойқаҳои обанборҳои оби ширин ва торфҳои нағз таҷзияшуда истифода мешаванд. Дар вақти Пелотерапия баъзе модда­ҳои …

Муфассал »

Пелопоннес

peloponnes

Пелопоннес (Реоропезоз), нимҷазираест дар Юнон, қисми ҷанубии нимҷазираи Балкан. Пелопоннесро гарданаи Кор­инф бо материк мепайвандад. Масоҳат 21,5 ҳазор километр2. Бо баҳрҳои Ион, Эгей ва халиҷҳои онҳо иҳота мебошад. Рел­ефаш асосан кӯҳсор; аз оҳаксанг, мармар, регсанг, конгломерат, инчунин мергелу варақсангҳои кристаллин эраи мезозой ва давраи палео­ген таркиб ёфтааст. Ҷаторкӯҳҳои калонтаринаш — …

Муфассал »

Пеллагра

pellagra

Пеллагра (аз италёви ре11е а^га — пӯсти шахшул), бемориест, ки дар натиҷаи норасоии кислотаи никотинат ва дигар витамннҳои гурӯҳи В дар организм ба амал меояд. Иллати пӯсту луобпарда, исҳол, ихтилоли асабу рӯҳ аломатҳои Пелит мебо­шанд. М у о л и ҷ а: истифодаи кислотаи никотимат (витамин РР) ва хӯрок- вории …

Муфассал »

Пелит

pelit

Пелит (аз юнонӣ ре1бз — гил), ҷинси гилӣ. номи муштараки ҷинсҳои таҳшинист, ки таркиб ва пайдоишашон ҳархела буда, аз заррачаҳои 0,01—0,005 милиметр ва хурдтар иборатанд. Ба гурӯҳи Пелит аргиллит ва гилҳои гу­ногун дохил мешаванд.

Муфассал »

Пеленгасия

pelengasiya

Пеленгасия, муайян намудани самт нисбат ба ягон объект аст. Аз ҳисоб кардани коордииатаҳои кунҷи объект иборат мебошад. Бо усулҳои оптикӣ, радиотехникӣ, акустикӣ ва ғайра ҳисоб карда мешавад. Пеленгасияро дар навигасия, локасия, ме­теорология ва ғайра истифода мебаранд. Пеленгасия дар киштиронӣ пеленгон ӣ  ном дорад.

Муфассал »

Пеленгатор

pelengator

Пеленгатор, асбобест дар навигатсияи баҳрӣ ва ҳавоӣ барои муайян кардани самтҳои кунҷӣ нисбат ба объектҳои беруна (объектҳои соҳилӣ ё шинокунанда, чирмҳои осмонӣ ва ғайра).

Муфассал »