Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 14)

Архив Месяца: October 2017

Пентозаҳо

pentozaho

Ба тарккибн гликоэидзро ва полисахаридхон гуногуни наботот ва кислотахои нук- леат дохнл мешаванд. П. аз таъсирн кислотахои минералй ба фурфурол, кп яке аз мухимтарин ашьён хоми саноати химиявист, табднл меёбанд. Пайвастхое, ки дар молекулаашон 6 атоми карбон доранд, гексозахо номнда мешаванд.

Муфассал »

Пентод

pentod

Пентод (аз юн. реntе —панҷ ва электрод), лампаи электронии панҷэлектродаро гӯянд, ки аз катод, тӯрҳои идоракунанда, маҳдудкунанда ва антидинатронӣ (пентодӣ, ҳимоявӣ) ва анод иборат аст. Пентодҳои камицтн- дор (якчанд Вт) асосан чун лампа* \ои кабулу тадвият ва П.-хоп пу- ри^тидор (якчанд даздо Вт ва беш- тар аз он) чуя лампадой …

Муфассал »

Пентландит

pentlandit

Пентландит (аз номи сайёҳи англис Н. Пентленд), минерал, колчедани оҳану никел, таркиби химиявиаш (Fe, Ni)9S8.32,55%-оҳан, 34,22% никел, 32,23% сулфур ва аз омехтаҳо то 3% кобалт дорад. Яке аз намудҳои Пентландити то 49% кобалт доштаро кобалтпентландит меноманд. Систе­маи кристалбандии Пентландит кубӣ. Ҷилояш металлӣ; рангаш зарди кушоди ба биринҷӣ монанд. Сахтиаш 3—4; …

Муфассал »

Пентагон

pentagon

Пентагон (англ. Реntogon, аз юн. Реntagonon панҷгӯша), бинои панҷгӯшаест дар наздникии Вашингтон, штати Виргиния, ки дар он вазорати ҳарбии ИМА ҷой гирифта аст. Ба маънои васеаш идораи ҳарбии ШМА, ки дар ташаккули сиёсати ШМА нуфузи калон дорад.

Муфассал »

Пенопластҳо

penoplastho

Пенопластҳо, масолеҳи по­лимерии ковок, пластмассаҳои ковоки бо газ пуршуда. Газ дар ко­вокиҳое, ки аз ҳамдигар бо қабати тунуки полимер ҷудоанд, ҷойгир шудааст. Пенопластҳо масолеҳи басо сабукест; гармӣ, овоз. об на ҷараёни зэлектрро намегузаронад. Хосияти Пенопластҳо ба дараҷаи кафккунию сохти ковокиҳои он ва табиати химиявии полимер вобаста аст. Пенопластҳоро бо усули …

Муфассал »

Пенисиллинҳо

penisillinho

Пенисиллинҳо антибиотикҳоеро гӯянд, ки пенисиллҳо ба вуҷуд меоранд. Соли 1929 микробиологи анлис А. Флеминг кашф кардааст. Пенисиллин чун дору барои муолиҷаи пневмония (газаки шуш), сироятҳои фасоднок ва ғайра истифода мешаванд. Пенисиллинро бо таври сунъӣ низ ҳосил мекунанд.

Муфассал »

Пенисилл

penisill

Пенисилл, п е н и с и л л и у м, мағори хӯшамонанд (Реnicillium, як ҷинси занбӯруғҳои номукаммалро гӯянд. Аз миселияи нашвиаш узвҳои конидияоваре месабзанд, ки қисми болоии онҳо хӯшавор шох ронда, спораҳои якҳуҷайрагии рангии (конидияҳо) ҳосил мекунанд. Қариб 250 намудаш маълум аст. Пенисилл маҳсулотро вайрону бофтаҳои ҳайвоноту растаниро …

Муфассал »

Пенза

viloyati-penza

Пенза, вилоят дар ҳайати РСФСР. 4 феврали 1939 ташкил шудааст. Масоҳаташ 43.2 ҳазор км2. Аҳолиаш 1501 ҳазор нафар (1981). Вилоят 28 райони маъмурӣ, 10 шаҳр, 16 птш дорад. Марказаш — шаҳри Пенза. Пенза бо ордени Ленин (1967) мукофотоннда шудааст. Табиат. Вилоят дар Поволжияи Миёна воқеъ гардидааст. Қисми зиёди территорияи онро …

Муфассал »

Пенза

penza

Пенза, шаҳр, маркази вилояти Пен­заи РСФСР. Дар соҳили дарёи Сура (шо­хоби д Волга) вокеъ аст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 183 ҳазор нафафар (1979). Пенза маркази калони мошинсозии СССР мебошад; саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи билокорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Пенза 40% маҳсулоти саноатии вилоятро медиҳад. 3аводҳои саноати …

Муфассал »

Пенеплен

peneplen

Пенеплен (англ. реneplein; аз лот. раеne — қариб ва англ. рlain — ҳамворӣ), қитъаи калони каму беш ҳамворшудаи рӯи Заминро гӯянд, ки дар шароити иқлими сернам аз фарсоиш ва бо мурури замон шуста шудани куӯҳсор ба вуҷуд омадааст. Ҳангоми ба амал омадани пенеплен водиҳо тадриҷан чуқуртару дарозрғятар гардида, дар натиҷаи …

Муфассал »