Маълумоти охирин

Архивы за день : 19.09.2017

Оқсарой

oksaroy

Оқсарой, ёдгории меъморӣ дар Шаҳрисабз (асри 14). Дар қисми шимоли шарқии шаҳр, дар майдони калон воқеъ буда, аз он пештоқи бо- ҳашамат ва як қисми сарой боқӣ мондааст. Тоқи ин пештоқ, ки 200 сол пеш вайрон шудааст, 22,5 метр бар ва 40 метр баландӣ дошт. Баландин ху­ди пештоқ ба 50 …

Муфассал »

Оқоҷон

Оқоҷон (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти асри 16 форс-тоҷик. Аз намунаи китобати Оқоҷон қитъае дар мураққаи Саид Аҳмади Машҳадӣ, ки дар Китобхонаи хазинаи авқофи Истамбул нигоҳ дошта меша­вад (санаи китобат 1561), мавҷуд аст.

Муфассал »

Окоҳашари Кашмирӣ

Окоҳашари  Кашмирӣ Оқомуҳаммадшоҳ (1879, Банорас —1935, Лоҳур), драматург ва шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва ҳиндӣ менавишт. Дар Баворас таҳсил кардааст. Солҳои 90 зери таъсири драматург ва шоир Маҳдӣ Ҳасани Эҳсони Лакҳнавӣ ба эҷоди драмаҳо ба забони урду шурӯъ намуд; нахустин драмааш — «Офтоби муҳаббат» (1897). Дар эҷодиёти Окоҳашари  Кашмирӣ …

Муфассал »

Оқоҳасани Наққош

Оқоҳасани Наққош (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош ва хаттоти асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Оқоҳасани Наққош шогирди Музаффаралии Мусаввир ва пайрави услуби эҷодии Беҳзод буд. Хати настаълиқро хеле хуб менавишт. Дар тазйини мадрасаҳои Ҳирот низ иштирок кардааст. Як нусхаи девони Саъдӣ ва «Хамса»-и Низомиро оро додааст.

Муфассал »

Оқоризои Кошонӣ

Оқоризои Кошонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош  ва мусаввири асри 16. Дар поёни умр ба Ҳиндустон рафта, чанде он ҷо зиндагӣ ва камоли касб кардааст. Бештар бо тасвирн набототу мурғон машғул будааст. Тасвироташ табиӣ ва мутаносиб. Тарзи тарҳофарӣ, тасвири ҷузъиёти предмет, таносуби торикиву равшанӣ дар нигоришоти ӯ нисбат ба …

Муфассал »

Оқомуҳаммадхони Қоҷор

Оқомуҳаммадхони Қоҷор (1742—1797), шоҳи Эрон (1776—97), асосгузори сулолаи Қоҷориён. Ӯ сарвари муборизаи феодалҳои қоҷор ба муқобили зандхо буд, ки соли 1794 бо ғалабаи қоҷорҳо анҷом ёфт. Соли 1786 Теҳронро пойтахт эълон кард. Нисбат ба душманони худ ва шӯришгарон беамон буд. Соли 1795 ба Озарбойҷон ва Гурҷистон тохта, Тбилисиро тороҷ на­муд. …

Муфассал »

Оқомуҳаммади Наққош

Оқомуҳаммади Наққош (соли таваллуд номаълум, Исфаҳон — вафот номаълум, Табрез), хат­тот, мусаввир ва наққоши охири асри 15 ва аввал асри 16 форс-тоҷик. Яке аз намояндагони барҷастаи мактаби минётури Исфаҳон. Санъати тасвирӣ ва хаттотиро дар зодгоҳаш омӯхта, ба­рои такмили маҳорат ба Ҳирот, Бухоро, Ироқ рафтааст. Оқомуҳаммади Наққош дар санъ­ати минётурнигорӣ ва …

Муфассал »

Оқомираки Исфаҳонӣ

Оқомираки Исфаҳонӣ (соли таваллуд номаълум, Исфаҳон — вафот. номаълум, Ҳирот), мусаввир ва хаттоти асри 15 форс-тоҷик. Санъати хаттотӣ, наққошӣ, ҷадвалкашӣ ва манзаранигориро дар Исфаҳон, Табрез ва Ҳирот омӯхта, дар китобхонаҳои Табрезу Қазвин суратгарӣ кардааст. Дар ин бора дар «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзо, «Ҳоло­ти ҳунарварон»-и Дустмуҳаммад ва «Таърихи оламорои Аббосӣ»-и Ис­кандари Муншӣ …

Муфассал »

Деҳаи Оқолтин

Оқолтин, деҳаест дар Совети қишлоқи Қумсангири pайони Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи  колхози ба номи А. А. Жданов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1575 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ, пункти тиб­бӣ, 2 магазин ва парки тракторҳо дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ …

Муфассал »